Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 18 феврал 2018, 04:00

Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон барои гирифтани то 3 ҳосил аз як замин

16 август 2017, 08:51

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 16 август дар доираи сафари кориаш ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба ноҳияи Бохтар сафар кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бохтар нахуст бо фаъолияти кооперативи тиҷоратии “Сомон”-и деҳоти Заргар, ки ба боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул аст, ошно шудааст. Манбаъ мегӯяд, масъулин ба Эмомалӣ Раҳмон маълумот додаанд, ки аз майдони умумии хоҷагӣ 4,7 гектарашро боғ, 2 гектарашро лиму, 30 гектарашро пахта ва 15 гектари дигарашро юнучқа ташкил медиҳад: “Парвариши лиму дар асоси омӯзишу таҷрибаи ғанӣ дар 10 гармхона ба роҳ монда шудааст, ки дар ҳар кадоми он вобаста ба ғунҷоиш аз 110 то 200 ниҳоли лиму парвариш меёбад”.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, соли равон майдони гармхонаҳои лимупарварӣ дар ноҳияи Бохтар ба 60 гектар расонида шудааст, ки аз ин 20 гектараш майдони ҳосилдеҳ мебошад. Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зиёд будани талабот ба чунин навъи маҳсулот омӯзиш ва ба таври васеъ ҷорӣ кардани таҷрибаи пешқадамро барои гирифтани ҳосили баланду дилхоҳ дар дигар хоҷагиҳо муҳим арзёбӣ намуданд: “Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин, олимони соҳа ва хоҷагидорон дар ин ва дигар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои гирифтани то 3 ҳосил аз як замин ва истифодаи мақсадноки он ҳидоятҳои муфид додаанд”.

Дафтари матбуоти Президент ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмонро ба вилояти Хатлон "шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ" унвон кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар нохияи Хуросон чамоати Fаллаобод дехаи Мехнатобод ки калонтарин деха дар нохияи Хуросон аст об нест ба аз кучо 3-хосил гирифта мешавад кариб 5-6 сол мешавад ки деха бе об хаст. Ба чои он ки як кадам ба пеш равем, шаш кадам ба тарафи кафо рафтаистодаем масъулон ба кучо назар мекунанд бо ки бо чи кор машгуланд номаълум аст.
Посух додан
  • Давлатбек

  • 16 август 2017 13:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точикистон точ дорад, точи у арзанда аст,
Пешвои олихиммат шухраташ поянда аст.
Бале, хок ва фазои кишвари махбубам Точикистон макбул аст барои 3-4 хосил гирифтан ва Пешвои миллати точик ин арзиши Худододро як чузьи сиесати хирадмандонаи худ шумурда хамаро барои истифодаи хирадмандонаи як вачаб замин даьват мекунад.... Зиндаю човид бод Пешвои Точикони чахон.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!