Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 18 феврал 2018, 03:58

Парлумон барои қабули тағйиру иловаҳо ба “қонуни танзим” дастбакор шуд

16 август 2017, 11:14

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 16 август таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон -- Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи тағийру иловаҳо ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба баррасӣ гирифтааст.

Аз дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур “дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони кишвар зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10 солагии қабули ин қонун” пешбинӣ шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида меъёрҳои қонуни амалкунанда такмил дода шуда, “онҳо ба талаботи санадҳои қонунгузоӣ мутобиқ гардонида шуданд, ки ҳадафи асосии он ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ буда, баҳри сарфа намудани маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ намудани пастшавии сатҳи зиндагонии ҳар як қишри ҷомеа равона шудааст”.

Манбаъ мегӯяд, дар ҷаласаи Шӯро, аз рӯи масъалаҳои баррасишуда раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва дигар аъзои Шӯро фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳамзамон таъкид кардаанд, ки “ҳамаи масъалаҳои ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳодшуда барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ равона шудаанд”.

Дар ҷаласаи мазкур, ҳамчунин лоиҳаҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот” ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои баррасӣ ва қабули тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагонро даъват намуд. Дар назар аст, ин ҷалсаи 23-юми август баргузор гардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Давлатбек

  • 16 август 2017 13:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости, икдомхои Пешвои муаззами миллат ба зиндагии мардуми точик боз як такони мусби хохад ворид кард. Чашну маросимхое, ки дар баргузории онхо дар ояндаи наздик мань мегардад саривакти ва бамаврид мебошад. Насиб бошад, дусти асил аз ин ба баьд маьлум мешавад, ошхури меоянд е ин ки барои як каф дуо.......
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам аъзоёни Порлумон ! Дар вакти кабули конуни мазкур як пешниходи мушаххасро хам ба инобат гиред. Дар оши нахори туйи домоду аруси тасавур кунед, ки дар як махалаи калон зиндаги доред.Бо хамаи сокинони махалла шиносои ё,ки риштаи хешу табори доред.Чи тавр мешавад,ки якеро даъват менамоеду дигареро не, то ин,ки меъёри муайяншударо вайрон накунед. Аз ин чо сар мешавад хусумат байни одамон.Бояд рохи халашро чуст то,ки хамсоягону хешу табор наранчанд аз туйдор. Ба хар хол барои туй сари чанд вакт омодаги мегири ,захира мекуни барои туйгузарони. Дар масъалаи азодори бошад, бе хеч шаку шубха ин холат ногахони мешавад ва азодор дар чи ахвол аст худаш медонаду Худо ва оё барои гузаронидани маърака кудраташ мерасад ё не?
Фикр мекунам бо як каф дуо хам рухи майит шод мегардаду хам азодорро кувват мебахшем.
Посух додан
  • Салом

  • 16 август 2017 16:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам азоёни парлумон як чиз дигарро фаромуш накунед баъзе камбагалхо ва муллохо барои духтаронашон аз дубаю аврупо чихози аруси мехаранд илтимос пешашонро гиред,
Посух додан
  • сарсонбой

  • 16 август 2017 18:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин парлумон дар таьрихаш шуда бошадки ягон конулро кабул накарда бошад?ба фикрам не,пас ин сахнабозихо чаро?президент гуфт тамом ичро кунед ба ин сахнакориятон худатонадавлати демократи нишон додан мехоохед,аммо хама медонанд чихел демократиед.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!