Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 18 феврал 2018, 03:59

Сафир: Ҳинд бо гуногунияш намунаи ваҳдату таҳаммулпазирист

16 август 2017, 14:02

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон 15-уми август дар Душанбе аз қавли раисиҷумҳур ва ҳукумати кишвар 70-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҳиндустонро шодбош гуфт.

Аслов зимни маросими таҷлили 70-умин солгарди Истиқлолияти Ҳиндустон аз ҳамкориҳо дар умури иқтисодӣ, иҷтимоӣ, амният ва сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба мақомоти ҳинд барои омӯзондани кадрҳои тоҷик миннатдорӣ баён намуд. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз тавофуқҳо дар сатҳи олӣ зикр карда, таъкид намуд, ки ҷонибҳо минбаъд низ барои густариши ҳамкорӣ талош хоҳанд кард.

Сомнате Гоши, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон зикр намуд, ки маҳз 15-уми августи соли 1947 кишвараш Истиқлолият аз истиллогаронро ба даст овард. Ба гуфтаи сафир дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бархе бо ишора ба гуногуние, ки дар Ҳиндустон буд, ба бақои ин кишвар ҳамчун давлати воҳид бовар надоштанд: “Ҳиндустон на танҳо ҳамчун як давлат боқӣ монд, балки имрӯз бо он гуногуние, ки дорад, намунаи таҳаммулпазирӣ, ваҳдат ва демократия аст”.

Гоши ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро дар умури иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф ва амниятӣ хотиррасон карда, таъкид намуд, ки минбаъд низ ҳамкориро густариш медиҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!