Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 октябр 2017, 18:40

Ҷузъиёти боздошти Нурализода: $1 млн пора деҳу аз давлат $10 млн грант гир

3 октябр 2017, 14:22

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти Аскар Нурализода, сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо бо иттиҳоми порагирӣ шарҳ дод.

Тибқи иттилои Оҷонсӣ, 28 сентябри соли 2017 ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон шаҳрванд "А" бо ариза муроҷиат намуда, арз доштааст, ки муовини сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурализода Аскар Шералӣ барои дохил намудани лоиҳаи ташкил ва рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 ва барои ба номбурда ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба миқдори 10 миллион доллари ИМА, аз ӯ 10%-и маблағи ҷудошаванда, яъне 1 миллион доллар талаб кардааст: “Мувофиқи маслиҳати тарафҳо шаҳрванд «А» маблағи 500 000 долларро то иҷрои амали ваъдашуда ва қисми дигари он, маблағи 500 000 долларро бояд ба сифати пора ба Нурализода медодааст”.

Оҷонсӣ афзуд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ санаи 28-уми сентябри соли 2017 соати 19-00 муовини сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Нурализода Аскар Шералӣ истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кўчаи Шамси хонаи 20/1 хуҷраи 11 бевосита баъди аз шаҳрванд "А" гирифтани 490 000 доллар дар кўчаи Шамсии шаҳри Душанбе назди тарабхонаи "Афсона" дастгир карда шуд: “Далелҳои шайъӣ маблағи 490 000 доллари ИМА аз ў ёфта мусодира шуд”.

Ба иттилои манбаъ инчунин аз хонаи Нурализода дигар далелҳои шайъӣ, аз ҷумла 10 000 доллар, ки қаблан барои ин амал гирифта буд, дарёфт гардид.

Тибқи иттилои Оҷонсӣ Нурализода қаблан ба сифати пора аз бинои истиқоматии бисёрошёна дар шаҳри Душанбе ба номи ҳамсараш Холиқова Савринисо Маҷидовна як хонаи истиқоматии се ҳуҷрагӣ ба маблағи 69360 доллар талаб намуда, тариқи шаҳрванд “А” гирифтааст: “Вақти кофтукоб аз хонааш шартномаи саҳмгузорӣ барои манзили истиқоматӣ аз 22-юми август ва расиди даромади хазинавӣ аз ҷониби шаҳрванд "А" ба хазинаи ширкати сохтмонии "В" ба номи Холиқова пардохт карда шудааст, ёфта гирифта шуд”.

Оҷонсии мубориза бо фасод афзуд, ки алайҳи Нурализода барои порагирӣ бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои "в,г"-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мазаяш набудас дияя ин укоро.
Посух додан
  • 55

  • 3 октябр 2017 13:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хай мегифтандия.Якта корхона сохтан мумкин буд ин сум ба.
Посух додан
  • Шахрванд

  • 3 октябр 2017 15:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хонасухтахо нафсошон калони бадай мардум дар фикри пагох чи кор мекунум и боша дар фикри якмилион доларКаработур,
Посух додан
  • Ахсан

  • 3 октябр 2017 15:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар хаминкадар собикаи кориаш очонсии зидди фасод нав кори худашро анчом дод. Бовар кунед доимо мешунидем ва йо мехондем фалон корманд хифзи хукук, муалими мактаб, фароши донишгох, мурабияи богча ва гайра барои 1000, 2000 3000... дастгир карда шудааст, хандаам меомад. Ана инхел одамора дастгир кунед, хама чомеа тоза мегардад, хам дигарон рахмат мегуянд шумоба. Рахмат ба Кумитаи амнияти милли, ки ба Шумо дарси ибрат омухт.
Посух додан
  • Мири

  • 3 октябр 2017 15:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Об аз боло гирдоб аст....
Посух додан
  • Сохиб

  • 3 октябр 2017 15:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инсофу мусулмонй намондаст. Як масъули на он кадар бузурги вазорат ин кадар мегирифта бошад, вой бар холи дигарон. Уй ин маблаг кати чандин бехона сохиби хона шуданаш мумкин. Фикри камбагалонро хам кардан даркор-дияКаработур,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ана пул. Ду сол шуд як тирезаро плостик зада махкам карда наметонам. Инхоро бинед чи гуна кор мекунанд.
Посух додан
  • Wasiliy

  • 3 октябр 2017 16:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як чи маро рикат кард пас аз мутолиаи ин хабар агар амалиет рузи 28 сентябр бошад пас чаро расо як хафта пас руи нашр омад ва е ичозати касе лозим буд Маро хонандаи нуктасанчро хеч ором намегузорад?
Посух додан
  • Вохима

  • 3 октябр 2017 16:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эээээ ука пуле набудаст.
Посух додан
  • ali

  • 3 октябр 2017 17:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар ин холат дар Чин руй медод ин мансабдорро мепарондан
Посух додан
  • тошболта

  • 3 октябр 2017 19:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
оли ин баинсоф будаст ё "бегарантия" "ставка " асосан 20%...
Посух додан
  • Дилшод

  • 3 октябр 2017 23:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Галтиди ай штр бгалт млесавори 200сомонкати айбай. Мо ба умедем ки и бадбахт сармоя ворид мекна.Агенти рахмат и сума бо маслихати рохбарш гирифтай садкаи бовари шаван
Посух додан
  • Sadi

  • 4 октябр 2017 01:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ozodagon, in korta bas kun, baroi chi chizhoi man navistaro publish nameknen?
Посух додан
  • 896

  • 4 октябр 2017 11:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Амали ин шахс ба обруи молиявии чумхури латмаи бузурге ворид кард.Грантдихандагон ба худ савол медиханд ки агар як муовини як шуъбача инкадар пора гирад пас калонтаракаш чанд мегирифта бошад е ин ки грантхое,ки мо медихем хамин хел тороч мешудааст.Дар микеси чумхури ин микдор пул хеле бузург мебошад аз ин ру бояд андешаи чукур кард.Бояд барои ин рафтор мисли чин е хукми катл е якумра кард чунки то он даме ки фасод хаст чамъият пеш намеравад.Инчунин ягон барномаеро ба рох монд ки байни чиновник ва корафтода робита набошад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!