Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 октябр 2017, 18:43

Интиқоди Президент аз сели иқтибосҳои хориҷӣ: Майдони калимаҳои худиро маҳдуд мекунанд....

5 октябр 2017, 10:22

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми телевизионӣ кулли сокинони кишварро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, табрик намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, тоҷикон дар миёни халқу миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардумони соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз доштаанд, шеъри оламгири Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо шоирону адибони гузаштаро имрӯз низ озодона мефаҳманд ва дар гуфтугӯи ҳаррӯзаашон истифода мекунанд.

Раисиҷумҳур иброз доштааст, ки забони тоҷикӣ бо дарназардошти собиқаи тӯлонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ ва дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро ҳифз намояд: “Аз ин рӯ, ба муҳаққиқони забоншинос, зиёиён ва умуман, ҳар шахсе, ки тақдири забон барояш азиз мебошад, зарур аст, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони дорои таърих ва осори беназир аз сели вожаҳои иқтибосӣ, ки имрӯз тавассути технологияҳои навин ва молу маҳсулоти хориҷӣ ба тамоми забонҳо ворид шуда истодаанд, ҳифз намоянд ва дар поку беолоиш нигоҳ доштану ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани он саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд. Зеро ворид шудани вожаҳои иқтибосӣ боиси маҳдуд гардидани муҳиту майдони истифодаи калимаҳои худӣ, камранг шудани симои миллии забони давлатии мо ва коҳиш ёфтани фасоҳату балоғати он мегардад”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки бо пешрафти илму техника ва технология забон низ бояд рушд кунад. Яъне ба қавли раисиҷумҳури кишвар забони давлатӣ бо ҳифзи асолат ва чеҳраи миллии худ бояд ҳамқадами замони муосир бошад.

Президент гуфтааст, ҳифзу гиромӣ доштани суннатҳои ниёгон, аз ҷумла фарҳанги миллӣ, ки забон ва либоси миллӣ, инчунин, номгузорӣ ба фарзандон ва эҳёи номҳои ҷуғрофӣ, ки ойинаи таърихи халқу кишварамон ва василаи пайванди имрӯз бо гузашта мебошанд, бояд ба одати ҳаррӯзаи мо табдил ёбад: “Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаи сайқал додани фарҳанги муошират бо забони давлатӣ, аз ҳар гуна унсурҳои ғайри қобили қабул поку бегазанд нигоҳ доштани он, инчунин, дар қалбу зеҳни наврасону ҷавонон бедор намудани ҳисси эҳтиром ба забони модарӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ва доимии ҳар шахси соҳибватан мебошад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мухочир

  • 5 октябр 2017 11:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Имруз бо Рудакию Саъдию Хофиз ва дигар шоиру нависандохо ва Исмоили сомони фахр мекунеду аммо аз дини онхо безори мечуед. Онхо ба сабаби динамо ба ин мартаба расиданд.
Посух додан
  • Худгар

  • 5 октябр 2017 17:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба мухочир! ба сабаби динамон бошад чаро дар Макка ё мадина ё Мисру Сурияву Ирок як Рудаки ва Хофиз ёфт намешавад ё ки арабхо мунтазир истодаанд ки кай халки форсу точик мусулмон шаваду баъд аз намояндагони дини ислом як мавлоно ва ё Ансориву Иброхим Адхам ё Атторе падид ояд гуфта ё аслан ин масъала дар решаи фархангии чандхазорсола ва забони ноби форси пахлавони дорад ки чунин фарзонагонро ба чахон дод???? Ачаб хурофотие!
Посух додан
  • Закариёи Рози

  • 6 октябр 2017 16:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эдисон лампаро ихтироъ кард то ки шайху мулло зери нури он минбар рохандози кунанд
Райс Клок микрофонро ихтироъ кард то муллову шайху мазхаби бо садои баландтар достонхои хурофоти ва афкори худро таъриф кунанд.
Маркони, Гульельмо радиоро ба вучуд овард то муллову шайх аз тарики он панду андарзи худро баён кунад ва ба араби тиловат кунад
Жон Логи шотланди телевизионро ихтироъ кард то ки мулло ва эшонхо худнамойи кунанд,
Элиша Отис лифтро ихтироъ кард ки эшону муллоён шикам ва кисахои калорни худро болову поён баранд.
Грейам Белл телефонро сохт то ки эшону муллохои мо байни хам гуп зананду аз масоили мазхаби сухбат кунанд.
Паскали фаронсави калкуляторро сохт то ки эшону муллохо пулхошонро хисоб кунанд.
Хамаи ин бузургон ва дигар шахсиятхои инсонпарвару чамъ шуданду кор карданд захмат кашиданд кашфу ихтироъ карданд то ки ба эшонхо кумак кунанд!?
Он вақт шайху эшону мулло дар тули таърих чи кор кард, факат нагуед Синову Форобиву Рози Хайём аз мо буд гуфта,
Натанхо хеч чизе кашф накард балки домио монеи пешрафт шуд.
Дар охир бошед ин ихтироъкоронро кофир равонаи чаханнам мешаванду шайху эшонхо ба бихишт меравнад чунки умрашон сарфи дуо махсусан ба забони араби будааст.
Ё мову шумо содаем!
Ё Худо сода аст!?
Ё эшону муллохо дуруг мегуянд!
Посух додан
  • бе ном

  • 7 октябр 2017 11:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба закариёи рози! ту наузу биллох нисбати АЛЛОХ чи гап зади ту мусалмон хасти!?
Посух додан
  • Тоҷик

  • 7 октябр 2017 19:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба Закариёи Рози. Гуиё ихтирооти номбурдаатонро танҳо фақат муллоҳову эшонҳо истифода мебаранд, вагуиё ҷанобашон меросбари ихтирооти мазкур бошанд то ҳаққи миннатзании халқи Худоро дошта бошанд.
Посух додан
  • Тоҷик

  • 8 октябр 2017 00:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба Закариёи Рози. Гуйё аз ихтирооти номбурдаи шумо танҳо муллоҳову эшонҳо истифода мебурда бошанд, ва гуйё ихтирооти мазкурро ҷанобашон меросбаранд ки ба халқи Худо миннат мезананд
Посух додан
  • Citizen

  • 8 октябр 2017 17:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Закариёи Рози,
Ту ба суханат ахамият бидех ки бенихоят суханони бемантик гуфта истодаи хамаи илму навоварихое мешавад аз сухани Худо ва паёмбаронаш мардум омухтааст. Як бор Куронро гир хон чи кадар илму чизхое хаст ки аз китоби Худо кашф шудааст. Худо туро хидоят кунад....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баноми Худованди меҳрубон
Саломуналйкум коркунони муҳтарами Сомонаи Озодагон
Бародар Закарёи Розӣ шумо барои ин ки аз донишмандони ғайри дини таъриф кунед як бор баргардед қарни се ва чаҳор ва панҷи ҳиҷри қамараи ки мувофиқ аст бо асри миён як бор ин ҷоро мутолиа кунед бибинед он ҷо чӣ хабар ва ин ҷо чӣ хабар?
Диққат кунед ҳамин донишмандони ғарбӣ чи мегӯянд? На донишмандони Исломӣ
Лиус Повел Тод, Конт Купер ва Колорнс ва Видровсун се тан аз устодони маъруфи донишгоҳи Нюёрк, Шикогу ва Эйнувийзи Омрико Европаро мадюни тамаддуни ислмоӣ медонанд ва мусалмононро ҳамчун миллати мутамаддин дониста чунин эътироф мекунанд: Ҳануз аст, ки ҳануз китобҳои Абуали Сино нобиғаи шарқ дар заминаи тиб, фалсафа ва риёзӣ, чун китоби »Қонун« дар донишкадаҳои пизишкии дунё тадрис шуда ва поя ва мабнои илми тиб қарор гирфтааст. Илми шимӣ, ки имрӯза вусъати бисёре ёфта ва дар заминаи дору кумаки аҷибе ба беморон панҷ қорра меномояд, дар ҳақиқат мадюни ҳамин Абуалӣ Сино ва Розӣ ду чеҳраи дурахшони тамаддуни исломӣ ҳастанд. Дар ҳақиқат асоси Пизишкӣ, Шимӣ, Ситорашиносӣ, Фалсафа ва Риёзиётро милали исломӣ бунён ниҳода ва поягузорӣ намуда ва баъдҳо Европоиҳо бо касб ва фарогирифтани ва ба даст оваранд кутуби илмии илсомӣ дар шоҳроҳи тарақӣ ва такомул роҳнамое гардиданд. Европоиҳо дониста ва нодониста марҳуни тамаддуни исломӣ буда ва бо баҳра гирифтан аз иттилооти фузало ва донишмандони милали исломӣ дар заминаи улуми мухталиф, парчами тамаддунро аз арабҳо гирифта ва дар Европа барафроштанд. Дунё дини бузургеро ба Муҳаммаад(с) ва паёравони ӯ баргардан дорад, зеро ин арабҳо буданд, ки бо ҳифз ва нигадории китобҳои қадимии Юунонӣ ва баст тавсеаи улум, хидмати аҷиберо ба ҷомеи дунёи имрӯз намудунад. Оё ин тавр нест? Ва оё шумо бо ман ҳам ақида нестед? Чаро ва ҳатман бале.(манбаъ: Тод, Луис Пил ва дигарон, Торихи тамаддун ва зиндагии маардуми ҷаҳон).
Мувафақ бошед
Посух додан
  • Букрот

  • 9 октябр 2017 13:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Мухаммад як бор ту таърихи Юнони бостон Пифагор, Гален Эпикур ва дигаронро хон ва мактаби Руми кадим ва Эрон кадим мисли Шедаву Мониву Барчоспи Хаким ва Мисри кадим ва Хиндустони кадимро хон ки Синову дигар донишмандони исломи ки ту мегуи аз онхо хеле чизо омухтаанд зиндагии башарро аз асри 6 и милоди ба баъд сар накун инсон 160 миллион сол ва хатто бештар дар ин кураи хоки зиндаги дорад ва умри чахон ва умри набототу хайвонот хама маъхлум шудаанд. китоби дини хондан хуб хаст аммо хама чиз аз мо гуфтан хуб нест чун далел мехохад далел

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!