Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 октябр 2017, 18:43

Боздошти котиби суд бо иттиҳоми қаллобӣ

10 октябр 2017, 14:53

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти Ҷаҳонгир Суҳробзода, котиби суди шаҳри Ҳисор бо иттиҳоми қаллобӣ хабар дод.

Тибқи иттилои ин ниҳод, шаҳрванд “А” ба Оҷонсӣ муроҷиат карда, арз доштааст, котиби суди шаҳри Ҳисор бо номи “Ҷаҳонгир” барои ба манфиати ӯ ҳал кардани баҳси қитъаи замини наздиҳавлигӣ 4000 сомониро гирифта, боз овардани 4500 сомонии дигарро талаб дорад: “Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҷаҳонгир Суҳробзода ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани 4500 сомонӣ дастгир шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардид”.

Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбати дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АГАР ДАВЛАТ КОНУНИ НАВ БАРОРАД, КИ МИНБАЪД КАДОМ КОТИБИ СУДЯ БА ДАСТ ГАЛТАД ХУДИ СУДЯ АЗ КОРАШ БАР КАНОР МЕГАРДАД БОВАРИ ДОРАИ ИН КОНУНШИКАНИ АЗ БАЙН МЕРАВАД. ЧУН, КТ ХАМАИ МО МЕДОНЕМ КОТИБОНИ СУДЯ ПОРА ГИРИФТА НАЗДИ РАИСОНИ СУДИ ХУДАШОН МЕБАРАНД.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!