Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 октябр 2017, 18:38

Мунтахаби футболи Тоҷикистон Непалро шикаст дод

11 октябр 2017, 08:53

Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 яккачини Непалро шикаст дод.

Ин бозӣ шоми 10 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 3:0 хотима ёфт. Се голи беҷавоби яккачини Тоҷикистонро ба дарвозаи Непал Нуриддин Давронов, Парвизҷон Умарбоев ва Манучеҳр Ҷалилов (дақиқаҳои 21,61 ва 88) заданд.

Яккачини футболи Тоҷикистон дар бозии қаблӣ Непалро дар меҳмонӣ бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд. Дар бозии даври якум ва дуюм дар Ҷоми Осиё-2019 мунтахаби кишвар аз Яман бо ҳисоби 1:2 дар меҳмонӣ ва аз Флиппин 3:4 дар хона шикаст хӯрд. Мунтахаби кишвар дар Ҷоми Осиё-2019 шомили гуруҳи “F” буда, ҳоло бо 6 имтиёз дар зинаи дуввум қарор дорад. Дар садри ҷадвали гуруҳ Флиппин бо 7 имтиёз нишастааст. Яман бо 5 имтиёз дар ҷойи сеюм аст. Непал бо 1 имтиёз дар зинаи чорум қарор дорад.

Бозии баъдии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2019 бо Яман 14 ноябр дар Тоҷикистон доир мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!