Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 октябр 2017, 18:43

10 рӯзи даъвати наваскарон: Кӣ пешсаф?

11 октябр 2017, 11:02

Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 46 дарсади нақшаи тирамоҳии даъвати наваскарон тайи 10 рӯзи аввал хабар дод.

Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати дифоъ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ВМКБ бо иҷрои 71 фоизи нақша пешсаф буда, аллакай дар ин вилоят ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва Мурғоб аз иҷрои 100 дарсадии нақша хабар додаанд.

Манбаъ афзуд, нақшаи даъват дар вилояти Суғд 58% буда, дар ин минтақа ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Истиқлол, Спитамен, Зафаробод ва Шаҳристон нақшаро пурра иҷро кардаанд.

Иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 44%-ро ташкил додааст. Аз 25 шаҳру навоҳии Хатлон нақшаи даъват тайи 10 рӯз дар ноҳияҳои Носири Хисрав ва Шамсиддин Шоҳин 100 фоиз иҷро гардидааст.

Вазорати дифоъ афзуд, дар Комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 36 фоиз ва дар чаҳор навоҳии пойтахт бошад он ба 40 фоиз баробар аст.

Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш якуми октябр шурӯъ гардида, то ноябр идома хоҳад кард. Имсол ҷавонони соли таваллудашон 1990-1999 ба хидмати ҳарбӣ мераванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!