Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 октябр 2017, 18:42

Роҳзанҳои “пагондор”: Тоҷикро куштанд, то тоҷир тарсад...

12 октябр 2017, 09:53

Мақомоти тафтишотии Русия муайян кардааст, ки гуруҳи иборат аз 4 корманди мақомоти қудратӣ ва амниятӣ дар Тюмен барои “пуштибонӣ” аз тоҷирони минтақа мунтазам пул ҷамъ мекардаанд.

Тибқи иттилои тафтишот тоҷироне, ки аз пардохт саркашӣ мекарданд, муҷозоти шадид ё қатл мешуданд: “Муттҳамон, ки феълан 2 нафарашон дар боздоштанд, тайи солҳои 2008-2016 ҳадди ақал 10 нафарро ба қатл расондаанд. Нафари сеюми гуруҳ дар боздоштгоҳ худкушӣ карда, узви чорум феълан мавриди пайгард қарор дорад”.

Тафтишот муайян намудааст, ки муттаҳамон боре барои нишон додани зӯрӣ ва талаботи қотеонаашон дар пеши як тоҷир муҳоҷири тоҷикро ба қатл расондаанд.
Феълан парвандаи ҷиноятҳои золимонаи мақомдорони Русия барои таҳқиқ ба сарраёсати тафтишоти низомии Кумитаи тафтишотӣ супорида шудааст. Ба муттаҳмон аз 20 соли зиндон то ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • беногм

  • 12 октябр 2017 14:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мардуми точик кадри худро донед. Дар давлати бегона барои ризку рузи рафта чони худро дар хатар нагузоред.Агар ин вахшонияти аз чониби кормандони макомоти кудрати ба миен ояд,авбош ва ё роххзани хакикии ин далат бо мардуми точик чи кор мекарда бошанд? Агар барои ободии ин давлат рафта зиндагии худро пеш мебурда бошед, забони руси ва хакку хукуки худро донед. Бехтараш дар ободии кишари худ бошед. Ахлоту партови дигар далатро тоза кардан шарматон намеояд, барои тозагию ободии давлати худ шарм медоред. Богпарари,чородори барои мардуми точик хуб аст. Фикр кунед , Точикистон имруз Точикистони пештара нест. Пешравии хонадон ва давлат дар дасти шумост.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
беногм,
Махмадоно чи хел обод кунем, чои кори хуб набошад, хама банд. дар хона бини кофта шинем. Хе гап додаи да

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!