Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 октябр 2017, 18:43

(ВИДЕО) Ҳамсари марде, ки бародарашро корд зад: Агар ба қазия одилона расидагӣ нашавад, худамро мекушам (ВИДЕО)

12 октябр 2017, 15:40

Ҳамсари Саъдӣ Шарипови 39-сола, ки бо иттиҳоми бо корд захмӣ кардани бародараш -- Фирдавси 41-сола боздошт шудааст, мегӯяд, муноқишаи байни ду бародар таърихи чорсола дошта, аз баҳси манзил сар задааст.

Севарой Барот , модари се фарзанд имрӯз, 12 октябр ба дафтари “Озодагон” омад ва гуфт, соли 2013 баъди даргузашти модаршӯяш, Фирдавс аз шавҳараш хоҳиш кард, то манзили сеҳуҷрагиашро, ки дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе воқеъ аст, бо хонаи дуҳуҷрагии вай иваз кунанд: “Гуфт, ки шумо фарзанд надоред, рафта дар духонагии ман зиндагӣ кунед. Шавҳарам розӣ шуд. Аммо чун падари ман гузашт, мо ба Панҷакент рафтем. Вақте баргаштем, Фирдавс хонаи дуҳуҷрагиашро фурӯхтааст. Ваъда кард, ки барои мо хонаи якҳуҷраӣ мехарад. Ба ин ҳам розӣ шудем, аммо ваъдаашро иҷро накард”.

Севарой мегӯяд, вақте Фирдавс дар хонаи қонунии онҳо иқомат кард ва бар ивазаш манзиле барои онҳо нахарид, маҷбур шуданд, ба додгоҳ муроҷиат намоянд. Ин зан иддао дорад, ки додгоҳ бидуни ҳузури онҳо ҳалнома содир кардааст, ки бар асоси он онҳо муваззаф шудаанд, бародари шавҳарашро дар манзили сеҳуҷрагии худ сабти ном кунанд: “Вақте соли 2014 қазия печида шуд ва байни ду бародар муноқиша шуд, ман ба мақомот ва расонаҳо суҳбат карда, гуфтам ки ин кор оқибати хуб надорад, аммо касе ин масъаларо ҷиддӣ нагирифт”.

Ӯ мегӯяд, қабл аз Иди Рамазони имсол бародари шавҳараш кӯчи ӯро ба берун баровард ва маҷбур шуданд, чанд рӯзро дар бозори “Саховат” гузаронанд: “Чанд вақт дар манзили як одами хайрхоҳ иқомат кардем. Се рӯз шуд, кӯчамон дар бозори “Саховат” аст”.

Ба таъкиди Севарой Барот бародараш доим ӯ ва шавҳарашро дашном мекард ва ҳатто як бор ҳамроҳи бародарони занаш Саъдиро латту кӯб ҳам карда буданд. Ӯ мегӯяд, дар ниҳоят ин ҳама косаи сабри шавҳарашро лабрез кард ва бародарашро корд зад: “Захмҳо амиқ нестанд. Ҳоло Фирдавс дар беморхона аст, шавҳари ман дар боздошт. Агар ба ин масъала одилона расидагӣ нашавад, худамро мекушам. Бигзор ба аъмоли шавҳарам баҳои қонунӣ дода шавад, аммо масъалаи манзили қонунии мо ҳам ҳал шавад”.

Талош барои суҳбат бо Фирдавс Шарипов то ин лаҳза бенатиҷа буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пештар дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки ҳодисаи бо корд захмӣ кардани бародар соати 15:30-и 11 октябр дар дохили бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайвастааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • muslim

  • 14 октябр 2017 16:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин масаларо бояд оқилона баҳо дод зеро ҳардуи инҳо бародар мебошанд Чаро Фирдавс бародари Сади бо он ҳама дороиша ки дар зери дасти у 3 нонвой мебошад як хонаи якҳуҷраги нахаридаст ин аз руи инсоф нест Сади чи қадар маҷбур шудааст ки бародари худро корд задаст. афсус ки Фирдавс марди бераҳм аст ки наход барои додари худ як хона харида натони

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!