Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 октябр 2017, 18:39

Трамп таҳдид кард, барои "ахбори дурӯғин" расонаҳоро мебандад

12 октябр 2017, 16:12

Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, расонаҳое, ки бо вай ҳамақида нестанд, мумкин аст баста шаванд. Трамп рӯзи чаҳоршанбе дар мулоқоти кутоҳ бо рӯзноманигорон ба расонаҳо ҳамла кард.

Хашми президентро иттилои телевизони NBC News ба бор овард. Телевизиони мазкур хабар дод, ки президент мехоҳад кулоҳақҳои ҳастаиро бештар кунад ва ба гузориши телевизион, дар пайи баҳсҳои мазкур котиби давлатии ИМА Тиллерсон гӯё дар ҷаласаи Пентагон Трампро "аҳмақ" номидааст.

Трамп дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии Твиттер иттилоъ дар бораи кулоҳакҳои ҳастаӣ ва баҳс бо Тиллерсонро "бофта" номид, ки барои "беобрӯ" кардани вай равона шудааст. Вай афзуд, имкон дорад иҷозатномаи фаъолияти телевизионҳое, ки "хабари бардурӯғ" нашр мекунанд, бозхонд шавад. Ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳамлаҳои лафзии президент ба озодии баён, изҳори нигаронӣ мекунанд.

Дар посух ба таҳқиқоти давомкунанда дар бораи робитаҳои эҳтимолии ситоди интихоботии президент бо Русия, Трамп ба кумитаи иктишофии сенат пешниҳод кард, паҳн кардани "хабарҳои бардурӯғ"-ро аз сӯи расонаҳо тафтиш кунад. Вай ҳамчунин пешниҳод кард, тартиби қадимие, ки соли 1987 бекор шуд, дигарбора эҳё гардад. То соли 1987 расонаҳои ИМА вазифадор буданд, дар масъалаҳои баҳсбарангези сиёсӣ нуқтаи назарҳои мухталифро ҷамъ оранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!