Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 20 ноябр 2017, 10:52

Баҳси истеъфои раёсати Бонки Миллӣ дар парлумон: Раис гуфт ба иззати нафс нарасед...

18 октябр 2017, 11:44

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 18-уми октябр дар парлумон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи таърихи қарз”-ро муаррифӣ кард.

Тибқи ин тағйирот, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардид, рӯйхати ягонаи қарздорон ташкил мегардад, ки аз ҷумла алайҳи қарзгирҳои беинсоф нигаронда шудааст.

Дар пайи баромади раиси Бонки Миллӣ, Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон масъалаи баргардондани пули мардумро аз сӯи бонкҳо ба миён гузошт. Нурмуҳаммадзода посух дод, ки пули мизоҷон марҳила ба марҳила баргардонда мешавад.

Дар ин робита Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон беш аз 3 миллиард сомониро зикр кард, ки давлат барои ҳалли мушкили бонкҳо ва мизоҷонашон равона кард. Ӯ гуфт, ин миқдор маблағ бояд мушкили мизоҷонро ҳал мекард, аммо барои чӣ ҳал нашуд?

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъкид намуд, ки баъзе мизоҷон аз баҳри фоиз гузаштаанд, танҳо мехоҳанд, маблағи гузоштаашонро бозпас гиранд. Зуҳуров дар хитоб ба Нурмуҳаммадзода таъкид намуд, ки ин мушкилро ҳал кунед, ки он як дарди сар ба Бонки Миллӣ, парлумон ва оқибат ба раҳбарияти давлат мешавад.

Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон низ таъкид кард, ки як сол муҳлате, ки барои пардохти пули мизоҷон муайян шуда буд, ба охир расида истодааст, аммо масъала ҳал нашуд. Исмонов дар хитоб ба Нурмуҳаммадзода суол гузошт, ки дар чунин вазъ оё Бонки Миллӣ истеъфо намедиҳад, ё чӣ кор карданианд: "Вақте бонк масъулияти худашро дар назди мардум иҷро карда наметавонад, гуноҳро дар сари Президент задан даркор нест. Мардум мумкин, ки Нурмуҳаммадзода Ҷамшедро нашиносанд, лекин Президентро мешиносанд, аз ҳукумат мебинанд. Мо дар вохӯриҳо будем, мегӯянд, ҳукумат кай пули моро медиҳад”.

Дар посух ба масъалаи истеъфо раиси Бонки Миллӣ аз вакилон хост, ба иззати нафс нарасанд ва пеш аз суол фикр кунанд.

Зуҳуров ба Нурмуҳаммадзода ду ҳафта муҳлат дод, то дар бораи вазъи бонкҳои муаммодор ва имконоташон барои баргардондани пули мардум ба парлумон маълумот пешниҳод кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мавроди

  • 18 октябр 2017 11:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Касе ки ягон пушту панох дошт маблагхояшонро кайхо гирифтанд. Баъзехо бошад пора дода маблагхояшонро гирифтанд. Бокимонда бошад кидат шуд. Дигар дар фикри он пасандоз нашавед.
Посух додан
  • Душанбе

  • 18 октябр 2017 11:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИСТЕЪФО иззати нафс будааст? Хела маст шидиен дар сари вазифа. Наметони кор карда вазифара мероси гирифтаги нестен ИСТЕЪФО дихен. Аз Чопон (Япония) ёд гирен чи гуна дар вазифа кор кардана.
Аз парлумон хохиш мекунам, ки масъалаи андозбандиро якбори дигар бараси кунанд. Андоз бехад баланд аст. Сохибкорон ЧИН ва КИГИЗИСТОН фабрикаву завод кушода истодаанд. Агар Узбекистон низ андозашро паст кунад, оянда хама чизро аз хорича меорем. Масъалаи ба расмиятдарории гумрукиро дидан даркор. Ба ГУМРУК супориш дихед ки хамон нарххои ба расмиятдарории гумрукиро дар сомонаи худ гузорад. Ратаможкаи мошини навро 50 фоиз арзон карден лекин дар сомонаи ГУМРУК кадом мошин ё махсулот бо чи кадар маблаг растаможка карда мешавад НЕСТ!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инхо се сол аст, бо бахонаи ислохот мутахассисонро аз кор хорич намуда, дигар коре анчом надодаанд. Бонкдори дар Точикистон ба фано рафтааст
Посух додан
  • БЕкор

  • 18 октябр 2017 12:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Максади ин "бахсхои дуругак" бисёр равшан аст
Посух додан
  • Мизоҷон

  • 18 октябр 2017 12:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Раиси муҳтарам, ин вазифаро харидаед ё мероси падарӣ гирифтаед?
Чӣ хел иззати нафс? Бонки Миллӣ моли боботай?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нарасен нафси бечора да. Ха ха ха ха хело вакт ин тавр нахандидаам.
Посух додан
  • Paymon

  • 18 октябр 2017 14:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Izzati nafsi shumoyu Holdorovho az kuhhoi bulandi Pomir ham bolo, vale mardum behol shud az korkunihoi shumo!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аҷаб давлате,аҷаб бонкҳое.Пули нақди мизоҷонро дода наметавонад!!!Аз ин баъд ки пулашро ба бонк мегузорад!!??Инҷо истеъфо кам аст..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамааш як спектакл аст, бо хамин сухан парлумон барои соли 2017 дар назди мардум хисобот дод. Кандаша занад Зухурзода.
Посух додан
  • сода

  • 18 октябр 2017 19:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Лахзахои гуворо давом дорад
Посух додан
  • Cаид

  • 18 октябр 2017 20:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вокеан хам дар замони муосир.идораи Бонки миллиро кадрхои дорои донишу малакаи кофи ва донандаи якчанд забонхои хоричи бе муболига ба монанди Шариф Рахимзода ва ё Джамолиддин Нуралиев кобилияти идора кардан доранд...
Посух додан
  • чабрдида

  • 20 октябр 2017 14:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саид рост мегуяд, бо донистани забони англиси хамаро перевод менамоянд!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
иззати нафс вакте ки ба корхои оилави ё шахси дахолат мекунанд....мебахшед баъд аз ин кадар бесаранчомии бонко дар назди халк бояд баромада бечоравор хисобот дихед!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!