Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 20 ноябр 2017, 11:01

Тавсифи Зуҳуров аз сабри мардум ва тавсияи Нурмуҳаммадзода: Ба суд муроҷиат кунанд...

18 октябр 2017, 14:54

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, сарфи назар аз вазъи ногувори бонкҳои кишвар шахсони алоҳида ва сармоядорон метавонанд, саҳмияҳои онҳоро бихаранд.

Нурмуҳаммадзода имрӯз, 18-уми октябр зимни баррасии мушкилоти низоми бонкӣ гуфт, агар сармоядорон ба қадри имкон бо розигии ҳукумат саҳмияҳои бонкҳои мушкилдорро харанд, ман боварӣ дорам, ки мо аз ин вазъият мебароем.

Дар идома Зайниддин Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар бораи қонунӣ будани қатъи пардохти фоизҳо аз сӯи бонкҳои тиҷоратӣ суол кард. Ӯ гуфт, “Тоҷиксодиротбонк” аз 1 январи соли ҷорӣ ҳамаи фоизҳои депозитҳоро маҳкам карда, меъёрро 5 фоиз муайян намуд ва “Агроинвестбонк” низ аз моҳи июли соли ҷорӣ пардохти фоизи пасандозҳоро қатъ кард.

Дар посух Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, масъалаи мазкур бояд байни пасандозгузорон ва бонк ҳал шавад: “Бонк ҳуқуқ надорад, яктарафа шартномаро бекор кунаду фоидаи пасандозҳоро 5 фоиз муқаррар намояд. Мизоҷон метавонанд ба суд муроҷиат кунанд”.

Дар мавриди Агроинвестбонк Нурмуҳаммадзода афзуд, “Агроинвестбонк” шартномаро яктарафа қатъ накардааст: “Аммо ба далели надоштани маблағ ҳозир пардохти фоизҳоро муваққатан қатъ кардааст. Вазъаш беҳтар шавад, боз пардохт мекунад”.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хубии мардуми кишварро таъкид кард. Ӯ гуфт, дар чунин вазъ мизоҷон метавонистанд тариқи суд дороию амволи бонку бонкдорҳоро бигиранд.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар вазъи феълӣ масъулини низоми бонкиро муттаҳам донист ва таъкид кард, ки маблағи мардум бояд ҳар чӣ зудтар баргардонда шавад.

Шариф Раҳимзода, вакили парлумон ва собиқ раиси Бонки Миллӣ дар ҳошияи баҳси мушкилоти бонкӣ ба хабарнигорон гуфт, мо бояд нисбати ин масъала хушбин бошем. Ӯ бо такя ба суханони раиси феълии Бонки Миллӣ гуфт, “Тоҷиксодиротбонк” фаъолияти 8-моҳаашро бо фоида ҷамъбаст кардааст: “Ҳукумат ба бонкҳо кӯмак карда буд боз дастгирӣ мекунад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • шахрванд

  • 18 октябр 2017 16:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Аммо ба далели надоштани маблағ ҳозир пардохти фоизҳоро муваққатан қатъ кардааст. Вазъаш беҳтар шавад, боз пардохт мекунад”- чи маъно дорад ин гап?! Вазъаш бехтар шавад.... Пули моро, ки Хукумат чудо кардааст, дихад. Дигар аз фоизаш хам безорем, аз вазъаш хам. Ба умеди у вазъи саломатиамонро аз даст додем. Акнун ба чои хона харидан дил табобат мекунему дар квартира мемурем- Худо нишон надихад. Бо нуги сузан дар тули умр чамъ карда будем он пулро. Нахурдем, напушидем. Инсоф хам чизи хуб аст...
Агар ин проблемаро бардошта бошанд, ин маънои онро дорад, ки хозир хам ХАЙРИЯТ КИ ДАР САРВАРИАМОН ШАХСОНИ тасодуфи нестанд.
Умед дорем, ки ин проблемаро Президенти ЧТ тахти назорати худ мегиранд ва моро-халки камбагалро пуштибон мешаванд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!