Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 20 ноябр 2017, 10:51

Ҳабси олим ва афсари руси ҷонибдори “ДИИШ” дар Душанбе

23 октябр 2017, 10:05

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳабси як олими рус, собиқ корманди Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки дар Сурия ба тарафдории “ДИИШ” ҷангидааст.

Тибқи иттилои ВКД боздоштшуда Хисамов Денис Франгизович, санаи 18 декабри соли 1983 дар шаҳри Краснодари Русия таваллуд шуда, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои техникӣ, собиқ корманди Вазорати мудофиаи Русия, дорои рутбаи капитан мебошад.

Манбаъ афзуд, ки Денис Хисамов ба Тоҷикистон аз Туркия истирдод шудааст. ВКД шарҳ дод, ки моҳи майи соли 2015 ӯ бо роҳи қалбакӣ шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода намуда, тавассути ин шиноснома аз Русия ба Туркия ва аз он ҷо ба гурӯҳҳои ҷинояткори Давлати исломии Ироқу Шом пайвастааст: “Денис Хисамов дар муноқишаҳо ва ҷангҳои сарзамини Ироқу Сурия фаъолона ширкат варзида, моҳи апрели соли 2017 вақти баргаштан аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия аз ҷониби кормандони милитсияи Ҷумҳурии Туркия дастгир гардида, ба далели доштани шиносномаи қалбакии Тоҷикистон ба Душанбе фиристода шудааст”.

Бар асоси иттилои ВКД Хисамов Денис қасди баргаштан ба Русия барои содир намудани ҷиноятҳо доштааст: “Феълан тафтиш аз рӯи ин ҳодиса идома дорад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шаҳрванд

  • 23 октябр 2017 10:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин шиносномахои тоҷикӣ соҳиб надошта бошандо?
Кӣ ҳаст шиносномафурӯш дар Тоҷикистон?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"ӯ бо роҳи қалбакӣ шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода намуд"...... Чио бо роҳи қалбакӣ шиносномаи Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбакистонро омода накард???

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!