Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 20 ноябр 2017, 11:01

Эҳёи идҳои ниёгон дар қонунгузории нави Тоҷикистон

23 октябр 2017, 13:26

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 23 октябр дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро мавриди баррасӣ қарор дод, ки бар асоси он таҷлили се иди нав дар кишвар пешбинӣ шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон иброз доштааст, ки ҳадафи тағйирот ҷашн гирифтани “Иди Сада” ва “Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ” дар рӯзҳои мувофиқ ба нишондиҳандаҳои суннатии ниёгонамон мебошад.

Насриддинзода афзудааст, ки бар асоси тағйирот Иди Сада – 30 январ, Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ – 15 октябр ва Рӯзи судҳо – 26 октябр пешбинӣ гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Али фархор

  • 23 октябр 2017 14:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рузи тапакро хам фаромуш накунед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
фикр мекунам ин идҳо як харҷи зиёдати аз буҷаи ватании азизи мост аммо ҳеҷ фоидае ба ҷуз зарар надорад ! Ин пуле ки дар ин идҳо сарф мешавад хуб мешавад ки дар сохтмони мактабҳо ба монанди мактаби Танел ки чанд рӯзе пеш мо дар сомонаи озоди дидед ин мактабро сарф шавад! Ин кор хубтар аст аз ин идҳо дида !
Хуб қадр кардан ҳам дуруст аст аммо беҳтараш ин аст ки дар роҳҳое пул сарф шавад ки мардум як фоидае ба даст орад! Хуб дар ин идҳо пули зиёд сарф мешавад дар муҳлати зиёди зиёд 24 соат! Аммо агар мактаб сохта шавад роҳ сохта шавад муддати чанд сол истифода бурда мешавад!
Донишҷу ҳастам на коршинос
Посух додан
  • Paymon

  • 23 октябр 2017 18:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Амин,
Durust gufti. Az idi Kurbon niz boyad dast kashid, az in yagon foida nest ba gajr az harju marji zijodati.
Посух додан
  • алик

  • 23 октябр 2017 23:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
то хол дар мактабхо иди мехргон чашн грифтестан аз талабагон маблаг чамъ кардестанд

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!