Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 20 ноябр 2017, 11:02

Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)

24 октябр 2017, 11:18

Гуруҳи ҷабрдидагон, ки яке замин, дигаре пули таҳсили фарзанд ва сеюмӣ пули барои хона ҷамъ кардаашро ба ширкати “Ҳафт бурҷ” додааст, изҳор медоранд, ки дигар роҳкиро намеёбанд, то дар ба дари мақомот барои баргардондани пулашон даводав кунанд. Панҷ тан аз ҷабрдидагон ин ширкат ба “Озодагон” омада, хостанд, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба қазияашон расидагӣ кунад, зеро тули чор сол талошҳояшон барои баргардондани пулҳояшон бенатиҷа мондаанд.

Онҳо мегӯянд бо ҳабс кардани бархе аз масъулини ширкат, ки ахиран Додситонии кул дар бораи он иттилоъ дод, мушкили онҳо ҳал нашудааст ва талаб доранд, ки ҷавобгарон бояд зарари онҳоро ҷуброн кунанд.

Исрофил Иброҳимов, яке аз муроҷиаткунандагон гуфт, дар доми фиреб афтода хонаи якҳуҷрагияшро ба маблағи 20 ҳазор доллар фурухт ва бо зану фарзандаш шомили ин ширкат шуд. Ӯ афзуд, се масъули ширкат фирор кард, чор тоаш ҳукм гирифт, парвандаи Сайҳомид Маҳмудов, раиси ширкат бошад дар прокуратура аст, аммо тақдири маблағҳо норушан аст: “Парвандаи Сайҳомид Маҳмудов 7 моҳ аст дар прокуратура аст, аммо ҳеҷ нест, ки ба додгоҳи ноҳияи Сино расад”.

Иброҳимов мегӯяд ба фиреби масъулини “Ҳафт бурҷ” гирифтор шудем, зеро гуфтанд, ки ин ширкати амакбачаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини пойтахт аст, ҳеҷ чиз намешавад: “Гуфтанд, ки маблағ монед, одам биёред, иҷро кардем, фиреб хурдем, ба касалӣ задем, саломатиро гум кардем”.

Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)Назар Амиров, ҷабрдидаи дигари ширкат мегӯяд, баъди таърифи шиносҳояш ба “Ҳафт бурҷ” шомил шуда, 9 ҳазор доллар гузоштааст, аммо баъд аз чор моҳ ширкат баста шуд.

Ба гуфтаи Амиров ҳоло ширкат аз ӯ 6182 доллар қарздор аст, аммо рӯёнида наметавонад. Ӯ талаб дорад, ки нисбат ба раҳбар ва таъсисдиҳандаи он бояд чораҳои қонунӣ андешида шаванду маблағи мардумро баргардонанд. Амиров афзуд, саркардаи ин намуди пирамидаҳо дар Тоҷикистон Сайҳомид Маҳмудов аст ва ӯ бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Саломат Ғафурова, сокини дигари Душанбе, мегӯяд, соли 2013 бо пардохти 36 ҳазор доллар, ки духтараш 7 сол барои хариди хона дар муҳоҷират ҷамъ карда буд, шомили “Ҳафт бурҷ” шуд: “Духтарам хона надошт ва ин пулҳоро барои хариди хона ҷамъ карда буд. Ман ба фиреби инҳо бовар карда, пулро бурда мондам, ки духтарам ба ҷойи ду хонагӣ, сехонагӣ харад, зеро дар муҳоҷират бисёр азоб кашид”.

Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)Ғафурова гуфт, аз рӯзҳои аввали дохилшавӣ ба ин ширкат, мегуфтанд, ки “ба ширкати мо бовар кунед, ҳамааш қонунӣ аст, мо андоз месупорем ва раҳбар Маҳмудов Сайҳомид амакбачаи Маҳмадсаид Убайдуллоев будааст. Мо бошем директори генералӣ амакбачаи Убайдуллоев аст, гуфта бовар кардем ва ҳеҷ бовар намекардем, ки моро чунин саргардон мекунад”.

Ӯ мегӯяд, аз ин ширкат наздики 5 ҳазор нафар ҷабр дид ва танҳо гуруҳи 24 нафарии онҳо 4 сол аст барои ба даст овардани маблағҳояшон медаванд: “Мо ба тамоми ҷой-ҳукумати шаҳр, Оҷонсии зидди коррупсия, Суди шаҳрӣ, Суди олӣ ҳама ҷой рафтем. Дар Суди олӣ гуфтанд, ки ин як шашкабозӣ буд, ки шумо бой додед”.

Хонум Саломат афзуд, аз гуруҳи 24 нафараашон як зан Ҳакимова Ибодат пул наёфт, ки бемориашро табобат кунад ва фавтид : “Шахсан худам ҳам ҳоло пул надорам. Рӯзе шуд, ки роҳкиро надоштам, оҳанҳои хонаамро фурӯхта барои дари мақомот рафтан роҳкиро кардам”.

Дилбар Алимова, мизоҷи дигари ширкат, мегӯяд 5,5 ҳазор доллар, ки барои таҳсили духтарҳояш дар муҳоҷират ҷамъ карда буд, ба “Ҳафт бурҷ” дод. Ӯ аз Президенти кишвар хост пеши роҳи фиребгаронро гиранд, то дигар нафарон дар доми онҳо наафтанд.

Абдулло Асоев, муштарии дигари ширкат мегӯяд, “замони даромадан ба ширкат, онро чунон муаррифӣ карданд, ки фикр доштам акнун зиндагиамро беҳтар мекунам. Хона надоштем, каме замин гирифта будем, гуфтам каме даромад шаваду ҳавлиро обод кунам”.

Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)Ӯ афзуд, замине, ки барои бунёди хона харида буд, фурӯхту 10 ҳазор долларро оварда, ба ширкат дод: “Аз ширкат гуфтанд, ки мо хона сохта истодаем ва метавонед пулҳоро гузошта хона гиред. Ман заминро фурӯхта 10 ҳазор доллар аз номи писарам ва 270 доллар аз номи худам гузоштам. Қисмати камашро гирифтам, аммо 7107 доллари дигарро то ҳол надодаанд”.

Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи Синои Душанбе ахиран 6 масъули ширкати “Ҳафт бурҷ”-Маруфов Осимҷон Салимович, Маруфов Олим Осимҷонович, Расулов Ориф Ҳасанович, Садуллоев Саидҷон Хуҷаевич, Саидов Раҳимбег Каримович ва Хушмаҳмадов Шарифбег Маҳмадуллоевич дар қаллобӣ гунаҳкор дониста, аз 8 то 11 сол равонаи зиндон кард. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон Маруфов , Расулов, Садуллоев, Саидов ва Хушмаҳмадов 10 январи соли 2011 ҶДММ “7 Бурҷ”-и шаҳри Душанберо таъсис дода, Маҳмудов Саидҳомидро ба вазифаи директори генералӣ ва Маруфов Олимҷонро ба вазифаи директори иҷроия таъин намудаанд: “Дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мақсади бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр, фаъолияти корхонаро дар шакли пирамидаи молиявӣ ба роҳ монда, ба таври сохта якчанд хизматрасониҳо, аз қабили маркетинги шабакавӣ, хизматрасонии маркетингӣ, омӯзиши забонҳои англисӣ, дарсҳои компютерӣ, ронандагӣ ва фуруши сабадҳои электрониро ба шаҳрвандон пешниҳод намуда, аз аввали соли 2011 то 24 июли соли 2013 дар 263 лаҳза маблағи 1 миллиону 90 ҳазор доллари ИМА ва 9378,9 сомонии ба ҷамъияти номбурда супоридаи шаҳрвандонро тасарруф намуда, ба онҳо ба миқдори махсусан калон зарар расонидаанд”.

Амм додситонии кул дар мавриди Маҳмудов Саидҳомид, собиқ директори генералии “Ҳафт бурҷ”, ки аз хешҳои Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси вақти Душанбе арзёбӣ мешуд, иттилое надода буд. Қаблан низ гуруҳе аз ҷабрдидаҳо муҷозоти Саидҳомид Маҳмудовро талаб доштанд, ки ба гуфтаи онҳо “раиси калон”-и ширкати “Ҳафт бурҷ” мебошад.

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе аввали соли равон Саидҳомид Маҳмудовро, ки қаблан ҳамчун раиси “Q-Net”-у "7 бурҷ" вирди забон шуда буд, аз мақоми раиси Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе-“МПТИ” барканор кард. Сайҳомид Маҳмудов, ки қаблан роҳбарии ширкатҳои баҳсбарангези Q-Net (Кю Нет)-у "7 бурҷ" дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт, моҳи июли соли 2014 зимни як ҳамоиш дар суҳбат бо “Озодагон” тасдиқ кард, хеши Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аст, аммо Убайдуллоев ба кораш ҳеч рабте надорад ва дар бораи ин ширкат иттилое ҳам надошт.


Видеои муроҷиати ҷабрдидагон дар ин сафҳа нашр мешавад


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!