Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 20 ноябр 2017, 10:55

Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ

27 октябр 2017, 11:57

Дар 9 моҳи соли равон 32 шаҳру навоҳии Тоҷикистон уҳдадориҳои андозии худро аз рӯи ҳаҷми даромадҳо дар назди буҷет таъмин накардаанд.

Шариф Раҳимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия ин нуктаро имрӯз, 27 октябр зимни ҷаласаи парлумонӣ, ки масъалаи иҷрои қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли равон баррасӣ мешуд, иброз доштааст.

Раҳимзода қайд намудааст, ки иҷроиши қисми хароҷоти буҷети давлатӣ дар нуҳ моҳ дар доираи иҷроиши воқеии даромадҳои буҷет ба роҳ монда шуда, ба андозаи 91,3 фоизи нақшаи нуҳмоҳа таъмин гардида, ба соҳаҳои иқтисодиёти кишвар зиёда аз 13,8 миллиард сомонӣ равона карда шудааст: “Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои пардохти музди меҳнат зиёда аз 3,2 миллиард сомонӣ, инчунин барои идрорпулӣ, нафақа, ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо маблағи 1,9 миллиард сомонӣ равона гардидааст”.

Номбурда гуфтааст, тули 9 моҳи соли равон, аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявӣ (дотатсия) 623,5 миллион сомонӣ ва барои иҷрои функсияи пойтахт– 9,0 миллион сомонӣ, дар маҷмуъ 632,5 миллион сомонӣ равона карда шудааст, ки ин 17 фоизи хароҷоти воқеии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ташкил медиҳад.

Шариф Раҳимзода илова намудааст, ки бар асоси маълумоти Вазорати молияи кишвар, ба ҳолати 10 октябр дар буҷетҳои маҳаллӣ қарздории фонди музди меҳнати моҳҳои июл - август 11054,3 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла музди меҳнат 8452,9 ҳазор сомонӣ ва маблағҷудокунӣ ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 2601,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад: “Аз ҷумла, қарздории фонди музди меҳнат дар шаҳри Ваҳдат 7813,3 ҳазор сомонӣ (аз ҷумла музди меҳнат 5859,9 ҳазор сомонӣ ва маблағҷудокунӣ ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 1953,4 ҳазор сомонӣ) ва дар шаҳри Турсунзода – 3241 ҳазор сомонӣ (аз ҷумла музди меҳнат 2593,0 ҳазор сомонӣ ва маблағҷудокунӣ ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 648,0 ҳазор сомонӣ) мебошад”.

Раҳимзода таъкид намудааст, ки бо мақсади самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, аз ҷониби аудити дохилии Вазорати молия корҳои муайяни назоратӣ гузаронида шудааст, ки дар натиҷа камбудиҳо ба маблағи 14,5 миллион сомонӣ ошкор шудааст. Ӯ мегӯяд, дар ҷараёни аудит ва таҳлилҳои гузаронидашуда аз маблағи зарари молиявӣ 10,5 миллион сомонӣ ё 72,5 фоиз барқарор карда шуд, ки аз он ба буҷет 8,1 миллион сомонӣ ва ба корхонаҳо 2,4 миллион сомонӣ рост меояд: “Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 1313,0 миллион сомонӣ аз худ гардидааст, ки аз ин маблағҳои қарзӣ – 414,9 миллион сомонӣ ва маблағҳои грантӣ – 898,1 миллион сомониро ташкил медиҳанд”.

Шариф Раҳимзода иброз доштааст, ки танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ 15 созишномаи қарзию грантӣ оид ба татбиқи 11 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи – 525,8 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд, ки аз он маблағҳои грантӣ – 131,9 миллион доллар ва маблағҳои қарзӣ – 393,9 миллион долларро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!