Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 24 январ 2017, 12:08

Гӯшти гов дар як моҳ 10 фоиз қиммат шуд

15 май 2012, 04:36

Дар Тоҷикистон давоми як моҳи охир, аз аввали апрел то аввали май нархи гӯшти гов 9,8 фоиз қиммат шудаст.

Дар ин бора ба Озодагон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ айни ҳол нархи гӯшти гов дар кишвар, аз ҷумла дар пойтахт ба ҳисоби миёна 30 сомонию 75 дирам нарх дорад. Нархи гӯшти гӯсфанд дар давоми як моҳи охир 9 фоиз қиммат шуда дар шаҳри Душанбе ба 31 сомонию 60 дирам баробар аст.

Дар муқоиса бо нархҳои моҳи майи соли гузашта гӯшти гов 46,4 фоиз қиммат шудааст.

Гӯшти гӯсфанд дар муқоиса бо моҳи майи соли 2012, 43,5 фоиз гарон гардидаст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои оморӣ давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон 9,1 фоиз зиёд гардида, 24 ҳазор тоннаро ташкил намудаст. Тибқи меъёрҳои бозор бо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва пешниҳоди мол дар бозор нархи он бояд коҳиш ёбад, ки дар Тоҷикистон мушоҳида намешавад ва баръакси ҳол сурат гирифта истодааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!