Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 24 январ 2017, 12:02
/ Материалы за Декабр 2016 года
30 декабр 2016, 12:14

Фурудгоҳи Душанбе: Қабулу парвози ҳавопаймоҳо оғоз шуд

Қабулу парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки ба далели тумани ғафс мутаваққиф гардид, аз соати 12:00-и имрӯз, 30-юми декабр аз сар гирифта шуд.

30 декабр 2016, 10:05

Эълони номи “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2016”

Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф, муассисаи таҳсилоти умумии №21 ва литсейи №55 даври ниҳойии озмуни ҷумҳуриявии “Омўзгори соли Тоҷикистон-2016” баргузор шудааст.

30 декабр 2016, 09:50

Меҳмонхонаи 5-ситорадори Исмоили Сомонӣ аз молиёт озод гардид

Ҳукумати Тоҷикистон номгӯй ва теъдоди масолеҳеро, ки бидуни пардохти боҷу андоз барои сохтмони меҳмонхонаи 5-ситорадори Исмоили Сомонӣ дар Душанбе ворид мешавад, тасдиқ кард.

30 декабр 2016, 09:05

2016: Чеҳраҳое, ки ин ҷаҳонро падруд гуфтанд

Соли 2016 чанд чеҳраи шинохтаро бо худ бурд. Хабарнигори “Озодагон” дар як феҳраст номи онҳоро гирд овардааст. Агар касе фаромӯш шуд, исмашро шумо дар шарҳҳо бинависед.

30 декабр 2016, 08:21

Таърихи имрӯз: Мавлуд, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ҶУМЪА. 30-юми декабр - 364-умин рӯзи сол. То поёни сол 1 рӯзи дигар монда.

29 декабр 2016, 17:13

Боздошти раиси пешини Кумитаи амнияти Қазоқистон

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон раҳбари собиқи ин ниҳод генерал-лейтенант Нортой Дутбоев ва ду мансабдори дигар -- Хасен Нурлан ва Ерлан Нуртаевро боздошт кардааст.

29 декабр 2016, 16:47

Эълони исми се мураббии нави “Истиқлол”

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон ҳайати мураббиёнашро таҳти роҳбарии Муҳсин Муҳаммадиев барои мавсими футболи 2017 муайян намуд.

29 декабр 2016, 16:11

Буҷаи Суғд барои соли 2017: Қариб 1 миллиарду 670 миллион

Буҷаи вилояти Суғд барои соли оянда 1 миллиарду 698 миллион сомонӣ тасдиқ шудааст. Ин нуктаро Мирзозода Анвар Сайфиддинӣ, сардори Сарраёсати молияи Суғд дар иҷлосияи 9-уми Маҷлиси вакилони халқи вилоят изҳор доштааст.

29 декабр 2016, 15:22

2 ташкилот кам: Идомаи муфлисшавиҳо дар низоми бонкӣ

Бонки миллии Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти боз ду ташкилоти хурди қарздиҳӣ дар кишвар иттилоъ дод

29 декабр 2016, 14:33

Дастрасии озод ба сайтҳои “блок”-шуда дар Узбакистон

Тамоми сомонаҳои масдудшуда дар Узбакистон имрӯз, 29 декабр бидуни анонимайзер ва филтиршиканҳо дастрас шудаанд.

29 декабр 2016, 14:14

Душанбею Тошканд дар бораи чӣ созиш карданд?

Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматии ду кишварро, ки 28-уми декабр дар Душанбе анҷом ёфт, эълон намуд.

29 декабр 2016, 12:35

ВИДЕО: Қатли маъшуқи тоҷик аз сӯи духтарон ҳангоми бозиҳои маҳрамона

Кумитаи тафтишотии Русия ду духтари 21 ва 17-сола, сокинони шаҳри Дмитровгради вилояти Уляновскро дар қатли ҷавони 24-солаи тоҷик ҳангоми бозиҳои маҳрамона муттаҳам мекунад.

29 декабр 2016, 11:53

Фатвои Шӯрои уламо дар бораи арча ва тӯҳфаҳои солинавӣ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таҷлили Соли навро ҳамчун як ҷашни қонунӣ мақбул дониста, хариди туҳфаҳои солинавӣ барои фарзандонро ҷоиз хондааст.

29 декабр 2016, 11:11

Эълони 2017 “Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ” дар Суғд

Дар шимоли Тоҷикистон 2017-ро “Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ” эълон намудаанд.

29 декабр 2016, 10:33

Бердимуҳаммадов дар интихоботи президентӣ 8 рақиб дорад

Барои курсии раёсатҷумҳурӣ дар Туркманистон нуҳ нафар мубориза мебаранд.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!