Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 24 сентябр 2017, 00:51
Дирӯз, 11:36

Эълони қатъи интиқоли об дар Душанбе

Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе қарор кардааст, ки барои таъмир ва омодасозии истгоҳҳои обтаъминкунии “Фишорӣ”, “Худҷореъ”, “Ҷанубӣ-Ғарбӣ” ва “Кофарниҳон” интиқоли об барои сокинони пойтахт муваққатан қатъ карда мешавад.

Дирӯз, 11:14

14:0: Тими мунтахаби Тоҷикистон ҳарифашро голборон кард (АКС)

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар дувумин бозиаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола тими Малдивро бо ҳисоби 14:0 шикаст дод.

Дирӯз, 10:45

Оташнишонҳо: Фавти одамон дар сӯхтори хобгоҳ пешгирӣ шуд

Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон мегӯяд, аз марги одамон сӯхтори даромадгоҳи асосии Донишкадаи Давлатии Фарҳанг ва санъат дар Душанбе ҷилавгирӣ карда шуд.

Дирӯз, 10:31

Марг дар таҳхона: Раис дар шиканҷа ва қатли зан муттаҳам мешавад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон раиси ошхонаи “Шаббодаи Анзоб”-ро дар шиканҷа ва қатли як зани 48-сола, сокини шаҳри Душанбе муттаҳам мекунад.

Дирӯз, 10:15

Бархӯрди зил бо дарвоза бо марги соҳибхона анҷомид

Мақомоти милиса иттилоъ доданд, ки нисфирӯзи 22-юми сентябр ҷавони 20-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ зери дарвозаи хонааш ҷон додааст.

Дирӯз, 10:00

Боздошт барои тоҷик будан: Созиш барои пешгирӣ аз такрори қазияи Люблино

Қазияи латукӯби Наврӯз Зикиров, муҳоҷири 27-солаи тоҷик аз сӯи ду посбони бозори “Люблино” ва боздошти эътирозгарон дар пайи он мавзӯи меҳварии мулоқоти Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав бо Григорий Карасин, ноиби вазири умури хориҷии Русия будааст.

22 сентябр 2017, 17:52

ВКД: Назиров, узви гуруҳи Мулло Абдулло боздошт гардид

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти Неъматулло Назирови 43-сола, узви гуруҳи ҷиноятпешаи Мулло Абдулло хабар дод, ки дар куштор, ғорат, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва нигоҳдории силоҳу лавозимоти ҷангӣ муттаҳам мешавад.

22 сентябр 2017, 16:02

Қочоқи маводи доруворӣ бо “Лексус LХ 470” аз Қирғизистон

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, қоҷоқи маводи доруворӣ аз Қирғизистонро ошкор кардааст.

22 сентябр 2017, 15:10

Бойтарин зани сайёра даргузашт

Лилиан Бетанкур, духтари бунёдгузори ширкати косметикии L'Oreal ва бойтарин зани сайёра, шаби гузашта дар 94-солагӣ даргузашт.

22 сентябр 2017, 14:28

Боздошти Фахриддинов бо шиносномаи Чин дар марзи Сурия

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Муҳиддин Фахриддинов, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо шиносномаи чинӣ дар марз бо Сурия аз сӯи мақомоти Туркия боздошт гардидааст, ба 13,5 соли зиндон маҳкум кард.

22 сентябр 2017, 12:25

Шӯрои уламои Тоҷикистон дар бораи Мянмар: Худо золимро ҷазо медиҳад

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мавқеашро нисбати вазъи мусалмонон дар Мянмар баён дошта, таъкид намудааст, ки Худованд ҳаққи мазлумонро мегирад.

22 сентябр 2017, 11:43

Мурофиаи 2 хоҳар, ки ҷавони тоҷикро ҳангоми бозии маҳрамона куштаанд (ВИДЕО)

Айбдоркунандаи давлатӣ барои ду ҷавондухтар, ки моҳи декабри соли гузашта ҳангоми бозиҳои маҳрамона, ҷавони 24-солаи тоҷикро буғӣ карда куштанд, аз 8 то 14 соли зиндон талаб кардааст.

22 сентябр 2017, 11:13

Аз 3,5 то 19 сол- ҳабси 11 ҷавон барои муноқиша ва марги Иброҳиму Сомон

Додгоҳи шаҳри Душанбе баррасии муноқишаи маргбори 2-юми январро миёни ноболиғон, ки ду кушта барҷой гузошт, анҷом дода, 11 иштирокчиро аз 3,5 то 19 сол равонаи зиндон кард.

22 сентябр 2017, 10:49

“Президент-супермен”

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро, ки президенти ҳамакорааш мехонанд ва “рекордшиканӣ”-ро дӯcт медорад, боз ҳавои Китоби рекордҳои Гиннес гирифтааст.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!