Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 12:06
/ Материалы за 06.06.2017
6 июн 2017, 18:11

Даъвати сокинон аз Р.Эмомалӣ: Моро аз бӯйу бемориҳо халос кунед (АКСУ ВИДЕО)

Даҳҳо сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ирсоли як муроҷиатнома аз шаҳрдор Рустами Эмомалӣ, хостаанд онҳоро аз бӯи ғализи бинои навбунёд, ки рост пеши хонаашон мерезад, халос кунанд.

6 июн 2017, 16:56

Шветсия: Кишваре, ки ҳаққи мардум бар ҳаққи нахуствазир бартар аст

Мақоми нахуствазир дар кишвар фақат барои хидмат ба мардум аст, на ба хотири раҳнамоӣ ва ҳукумат. Эътибораш ва ҳаққу ҳуқуқи ӯ дар пеши мардум ба андозаи як муаллим ва ё устоди донишгоҳ аст ва беш аз ҳам ин нест.

6 июн 2017, 16:51

Талошҳои ИМА ва Кувейт барои ҳалли бӯҳрони Қатар

Вазири корҳои хориҷии Қатар шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон ал-Танӣ гуфт, Кувейт изҳор доштааст, ки барои ҳалли бӯҳрони дипломатии байни кишварҳои арабӣ ва Қатар нақши миёнаравро бозад. Ин пешниҳодро мақоомоти ИМА низ эълом доштаанд.

6 июн 2017, 16:12

Global Peace: Сулҳ дар Тоҷикистон таҳким ёфтааст

Тоҷикистон дар раддабандии “Шохиси ҷаҳонии сулҳ-2017”, ё худ “Global Peace Index-2017” дар мақоми 118 қарор гирифтааст, ки нисбати соли гузашта 4 зина пеш вале нисбати соли 2015, 10 зина ақиб мебошад.

6 июн 2017, 15:06

Салими Аюбзод: Наход “фаъолият кардан” беҳтар аз “кор кардан” бошад?

“Сарвари давлат ба ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар анҷом дод”. Агар маънии “анҷом” оқибат, охир, фарҷом, поён, интиҳо бошад, чӣ гуна мешавад онро дод? Он гоҳ шояд беҳтар аст гуфта шавад: “ба сафараш анҷом дод”. Вале ин шеваи баён ва чанд қолибе, ки солҳои охир “мӯд” шудаанд, ба забони матбуоти мо оҳанги сатҳӣ ва хушк медиҳанд. Мисли “халал ворид кард” ва “мавриди баррасӣ қарор дод”. Он ҳам дар ҳоле ки мешавад гуфт: “халал расонд” ва “баррасӣ кард”.

6 июн 2017, 14:47

Президент ба ваъдааш вафо кард: Рустам Азимов аз вазифа барканор шуд

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон муовини сарвазир -- Рустам Азимовро, ки яке аз рақибонаш дар сиёсат унвон мешавад, аз вазифа барканор кардааст.

6 июн 2017, 14:28

Кӯмакхоҳии духтари тоҷик барои пардохти ҳаққи таҳсил (ВИДЕО)

Жасмин Холова, ҷавондухтари тоҷик, ки ба Донишгоҳи давлатии Бойсеи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дохил шудааст, аз афроди саховатпеша барои пардохти ҳаққи таҳсилаш дар ин донишгоҳ кӯмак хостааст.

6 июн 2017, 13:48

Дархости Салимов аз Э.Раҳмон: Афви умумӣ эълон кунед

Ёқуб Салимов, ба ҳайси собиқ вазири умури дохилӣ, раиси Кумитаи гумрук, вакили Шӯрои олӣ ва сафири Тоҷикистон дар Туркия бо нашри як муроҷиатномаи кушод аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостааст, дар арафаи таҷлили 20- солагии Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар кишвар боз як афви умумӣ эълон кунад.

6 июн 2017, 12:12

Тақдири норушан ё тамосҳои қатъшуда аз зери парчами сиёҳи ДИИШ

Моҳи майи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон гуфт, дар се соли ахир 60 сокини ин вилоят дар ҷангҳои Ироқу Сурия кушта шудаанд.

6 июн 2017, 11:27

Оҷонсӣ: Хазинадори “Амонатбонк” аз номи нафақахӯрон 71 862 сомонӣ гирифтаст

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти хазинадори “Амонатбонк” хабар дод, ки аз номи нафақахӯрон маблағ гирифта, ба фоидаи шахсияш истифода мекардааст.

6 июн 2017, 11:14

Русия: Ҷавони тоҷик барои “ҳимоят аз террор” се сол зиндонӣ шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Кемеровои Русия бо ҷурми даъвати оммавӣ ва ҳимояти терроризм се сол равонаи зиндон шудааст.

6 июн 2017, 10:12

Оғози мавсим: Теъдоди ноболиғони ғарқшуда ба 40 расид...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ғарқшавии боз ду ноболиғи дигар дар ду рӯзи ахир хабар дод.

6 июн 2017, 09:45

(АКС) Чаро Тоҷинисо худро оташ зад?

Як зани 31-сола дар ҷануби Тоҷикистон худро оташ задааст. Табибон мегӯянд, 90 дарсади бадани ӯ сӯхтааст.

6 июн 2017, 09:34

Сабукии навбатӣ барои меҳмонхонаи 5-ситорадори Дастгоҳ

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2017 низ меҳмонхонаи бунёдшавандаи 5-ситорадори Исмоили Сомониро аз пардохти боҷу андоз озод кард.

6 июн 2017, 08:49

Шаҳрванди Қирғизистон беш аз 700 шишаи “Русская водка”-ро ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон овардааст

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор шудани беш аз 700 шишаи машруботи спиртии тамғаи “Русская водка” хабар додааст, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ аз Қирғизистон ворид шудааст.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!