Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 октябр 2017, 09:29
/ Материалы за 07.06.2017
7 июн 2017, 17:12

Нигаронии Зуҳуров аз монополия ва дуздӣ дар “Барқи тоҷик”

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, раванди феълиро, ки ҳам истеҳсол ва ҳам фурӯши барқ дар ихтиёри як ниҳод қарор дорад, мояи нигаронӣ хонд.

7 июн 2017, 16:50

Расонаҳо: Ҳамлаварони бинои парлумони Эрон бо арабӣ суҳбат мекунанд

Расонаҳо аз тирпарронӣ дар парлумони Эрон хабар медиҳанд.

7 июн 2017, 16:00

Нархи навои “рамазонӣ” дар бозорҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд (07.06.17)

Мисли ду чаҳоршанбеи сипаришуда хабарнигорони “Озодагон” ба бозорҳои калони Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд рафтанд ва нархи маҳсулоти ниёзи мардумро пурсиданд. Дар ҷадвали гӯё ё ИНФОГРАФИКА арзиши маҳсулот дар бозорҳои “Шоҳмансур”, “Саховат” (Душанбе), “Панҷшанбе” (Хуҷанд) ва “Саховат” (Кӯлоб) барои имрӯз оварда шудааст. Ҳамзамон нархи ин маҳсулот дар ду ҳафтаи пеш нишон дода шудааст.

7 июн 2017, 15:41

Муаррифии китоби Рухшона Раҳмонова, духтари Президент дар Душанбе (АКС)

Рухшона Раҳмонова, муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷӣ, духтари Президенти Тоҷикистон имрӯз, 7 июн дар шаҳри Душанбе китоби тозанашраш зери унвони “Асосҳои хизмати дипломатӣ”-ро муаррифӣ кардааст.

7 июн 2017, 12:47

Вазорат: Ягон ҳолати баргузор кардани Занги камолот сабт нашудааст

Масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ягон ҳолати саркашӣ аз иҷрои фармони вазир дар бораи манъи Занги камолот сабт нашудаст.

7 июн 2017, 11:39

Қонуни нав: “Оперативник”-ҳо дар интернет фаъол мешаванд

Ҷурахон Маҷидзода, вакили парлумон ва собиқ генерали милиса мегӯяд, амалиёти оперативӣ ҷӯстуҷӯӣ алайҳи гуруҳҳои ифротгаро дар шабакаи интернет густурда мешавад.

7 июн 2017, 10:59

Тағйири қонун: Милиса дигар парванда “намекушояд” (ВИДЕО)

Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми июн дар парлумон тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи милиса”-ро муаррифӣ кард.

7 июн 2017, 10:50

Бонки исломӣ ба энергетикҳои тоҷик пули курсию компютерро дод

Парлумони Тоҷикистон имрӯз, 7-уми июн, созишномаи грантӣ бо Бонки исломии рушдро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он шароити кории масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои об беҳтар карда мешавад.

7 июн 2017, 10:19

Русия: Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар “ҷалби зархаридон” муттаҳам мешавад

Пулиси байналмилал ё Интерпол дар Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистонро боздошт кардааст, ки аз сӯи мақомоти тоҷик дар пайгарди қонунӣ қарор доштааст.

7 июн 2017, 10:11

Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон меояд

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид 12-уми июн аз Тоҷикистон боздид мекунад.

7 июн 2017, 09:53

Рашт: Борони сел як куштаю як маҷруҳ барҷой гузошт

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, борони сели 6-уми июн дар минтақаи Рашт боиси марги як нафар гардид.

7 июн 2017, 09:31

Бобоҷонов дар суд: Марҳум миллат ва модарамро таҳқир кард

Додоҳи ноҳияи марказии Челябинск 6-уми июн баррасии парвандаи муҳоҷири тоҷик, Ширинбек Бобоҷоновро оғоз кардааст.

7 июн 2017, 09:01

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ЧОРШАНБЕ. 7-уми июн - 158-умин рӯзи сол. То поёни сол 207 рӯзи дигар монда.

Бойгонӣ

«    Июн 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!