Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 23:22
/ Материалы за 09.06.2017
9 июн 2017, 17:05

Ҳинду Покистон узви СҲШ шуданд: Эрон монд...

Сарони кишварҳои узви Шонҳой имрӯз, 9-уми июн дар Остона 11 созишномаро имзо намуда, аз ҷумла Ҳинду Покистонро ба ҳайси узви комилҳуқуқи ин созмон қабул намуданд.

9 июн 2017, 16:36

Агентӣ раиси хоҷагии ниҳолпарвариро дар гирифтани пора муттаҳам медонад

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти Фахриддин Очилдиев, раиси хоҷагии ниҳолпарварии Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар хабар додааст.

9 июн 2017, 15:25

СММ теъдоди ҷангиёни ДИИШ дар Ироқу Сурияро эълон кард

Давоми 16 моҳи ахир теъдоди ҷангиёни гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар ин бора Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид хабар додааст.

9 июн 2017, 14:41

“Дар сиёсати дарозмуддат равобити сард бо САҲА ба манфиати Тоҷикистон нахоҳад буд”

Фикр мекунам дар сиёсати дарозмуддат равобити сард бо САҲА ба манфиати Тоҷикистон нахоҳад буд, зеро кишварҳои узви САҲА пеш аз ҳамкорӣ бо кишваре ҳатман мавқеи ин созмонро дар қиболи кишвари мазкур ба назар мегиранд. Гузашта аз ин, сардии равобит ҳатто ба тасмимгирии ниҳодҳои байналмилалии молӣ ва сармоягузорони хусусӣ таъсиргузор аст.

9 июн 2017, 13:34

Идомаи ҷамъоварии пули таъмири мактаб баъди қарори ҳукумат

Ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҳама гуна ҷамъоварии маблағро барои таъмири бинои боғчаву мактабҳо манъ намуд.

9 июн 2017, 11:57

Донишҷӯёни тоҷики Норин: Танҳо пеши Худо ба зону мезанему сар хам мекунем

Донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҳозир нашудаанд, ки мувофиқи талаби эътирозгарон дар Норин ба зону зананду узрхоҳӣ кунанд.

9 июн 2017, 11:35

Муҷозоти сармураббӣ ва ду бозигари “Равшан”-и Кӯлоб

Кумитаи одоби Федератсияи футболи Тоҷикистон Ғайрат Мираҳмадов, сармураббии тими “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб ва ду бозигари ин тим -- Абдураҳмон Нозимову Сайдамири Сайдаҳмадро муҷозот кардааст.

9 июн 2017, 10:56

Си Ҷинпин Э.Раҳмонро ба Чин даъват кард (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 9-уми июн дар мулоқот бо ҳамтои чинияш Си Ҷинпин, аз ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлат ва муколамаи созандаи сиёсии дуҷониба дар давоми 25 соли охир изҳори қаноатмандӣ кард.

9 июн 2017, 10:14

Кори хайр: Ҳоҷии 68-сола деҳаи Хоҷағалтонро сероб кард

Як ҳоҷии 68-сола аз ноҳияи Восеъ бо маблағи худ ба рустои Хоҷағалтони ҷамоати ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳия хатти об кашидааст.

9 июн 2017, 09:28

Боздошти Лутфулло, “авторитет”-и ҷиноӣ: Аз шарҳи мақомоти тоҷик то зарба ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҷаббор

Вазорати умури дохилии Русия Лутфулло Муҳаммадиев, яке аз “авторитет”-ҳои тоҷики олами ҷиноии Русияро дар яке аз паноҳгоҳҳояш дар шаҳри Вязники вилояти Владимир боздошт кардааст.

9 июн 2017, 09:26

Шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар Абхазия ба Русия интиқол шуданд

Хадамоти амниятии Абхазия аз боздошти панҷ шаҳрванди Тоҷикистон хабар додааст, ки дар узвият ба гурӯҳи ифротгарои ба ном “Давлати исломӣ” муттаҳам мешаванд.

9 июн 2017, 08:40

(ВИДЕО) Донишҷӯёни тоҷикро маҷбур карданд, то зону зада, аз сокинони Норин узр пурсанд

Ҷавонони қирғиз донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи Осиёи марказии воқеъ дар шаҳри Норини Қирғизистонро маҷбур кардаанд, ба зону зада, узр бихоҳанд.

9 июн 2017, 07:57

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ҶУМЪА. 9-уми июн - 160-умин рӯзи сол. То поёни сол 205 рӯзи дигар монда.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!