/ Материалы за 12.06.2017
12 июн 2017, 16:53
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешниҳоди аробачаи маъюбӣ ба Паймона, як духтарчаи 5-cолаи маълул изҳори омодагӣ кардааст.
12 июн 2017, 16:26
Алексей Навалний, яке аз сарсахттарин мухолифони Ҳукумати Русия боздошт шудааст. Юлия Навалная, ҳамсари ин сиёсатмадор дар сафҳаи "Твиттер"-аш навишт, Навалний чанд лаҳза қабл аз оғози эътирозҳои “зидди фасод”, дар назди гузаргоҳи манзили зисташ дар Маскав дастгир шудааст. Юлия аз қавли ҳамсараш дар хитоб ба ҷонибдоронаш навиштааст, ба раҳпаймоӣ идома бидиҳанд.
12 июн 2017, 16:05
Русия хостааст, дар лоиҳаи бунёди CASA-1000, хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон иштирок кунад.
12 июн 2017, 15:24
Зоҳир Усмонов, санаи таваллудаш 8 феврали соли 1985 сокини ноҳияи Ховалинг моҳи июни соли 2015 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш дар шаҳри Челябински Федератсияи Русия тавассути шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” бо аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии “Давлати исломӣ” суҳбат кардааст.
12 июн 2017, 14:34
Ҳарфҳои “хору залил бошему дар Ватан бошем”, “гадо бошему дар Ватан бошем”, ки ҳамин шабу рӯз садо медиҳанд ҷуз таҳқири мардуми ин сарзамин чизи дигар нестанд. Ҳар ки дар Ватани худ бечора ва хору залил аст, дар берун бадтар аз ин аст.
12 июн 2017, 13:45
Созмони байналмилалии муҳоҷират барои беҳтарин матлаб дар мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ миёни донишҷӯён озмун эълон кардааст.
12 июн 2017, 13:25
Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони маъруфи тоҷик дар пайи сарусадои зиёд ахиран эътироф кард, ки ҷарроҳии “пластикӣ” гузарондааст.
12 июн 2017, 11:26
Мақомоти Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ банди нав ворид намудаанд, ки бар асоси он мансабгирон барои пинҳон намудани шаҳрвандии кишвари дигар ҷарима баста мешаванд.
12 июн 2017, 11:08
Дар интихоботи ахири парлумонии Бритониё мусалмонҳои бештаре соҳиби курсии вакилӣ шудаанд.
12 июн 2017, 10:00
Барои ин бахши ШУМО БИГӮЕД як видеоклипи хонандаи поп Илҳом Муродовро интихоб кардаем. Ин наворро тамошо кунед ва андешаи худро бинависед. Шарҳҳои шуморо мунтазирем.
12 июн 2017, 09:45
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, охири моҳи май бо имзои як қарор Кумита оид ба рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистонро ташкил додааст.
12 июн 2017, 08:45
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид ҳамкориҳои Душанбе бо ин созмонро муҳим ва пурарзиш хондааст.
12 июн 2017, 08:22
ДУШАНБЕ. 12-уми июн - 163-умин рӯзи сол. То поёни сол 202 рӯзи дигар монда.