Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 25 апрел 2018, 15:10
/ Материалы за 20.06.2017
20 июн 2017, 18:35

Оё ҷадидон пантуркист буданд?

Ҷараёни сиёсиву фарҳангии пантуркия ҳамчун идомаи мафкураи пешинаи миллатчигии туркизм дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ ба вуҷуд омад, ки хоҳони ваҳдати фарҳангӣ, забонӣ ва сиёсии тамоми туркзабонҳои олам, ба вежа Туркия, нимҷазираи Балкан, қисмати мусалмоннишини империяи Россия, Кафкоз, Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон ва Туркистони Шарқӣ буд. Ҷавҳари ин таълимоти миллатчигии доираҳои иртиҷоии туркро дифои миллатҳо ва халқҳои кӯчак аз фишори миллатҳои бузург ва муттаҳид гаштани онҳо таҳти байроқи Туркия дар як империяи бузург ташкил медод.

20 июн 2017, 16:49

Рӯзгори сангини хонаводаҳои зиндониёни осебпазирро кӣ сабук месозад?

Холбибӣ (номи шартӣ), мегӯяд, бародари ӯро дар соли 2015 бо гумони ҳамдастӣ дар ошӯби ҳоҷӣ Ҳалим - муовини пешини вазири мудофиаи Тоҷикистон боздошт ва 27 сол зиндонӣ карданд. Холбибӣ ба шарти ифшо нашудани номи худу бародараш нақл кард, ки бародараш дар чанд рӯзи пеш аз ошӯби ҳоҷӣ Ҳалим “бо корҳои шахсиаш” аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе омад ва баъди тақрибан даҳ рӯз хонавода хабари боздошти ӯро дарёфт кард. Ба гуфтаи ин зан, баъди боздошти бародараш зиндагии хонавода якбора аз чанд ҷиҳат мушкил шуд.

20 июн 2017, 16:29

Задухӯрд дар марз: Ду қочоқчӣ кушта, дигарон фирор карданд

Дар пайи як задухӯрди мусаллаҳонаи марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон ду қочоқчӣ кушта шудааст.

20 июн 2017, 15:59

Боздошти гумонбари ҳамла ба мусалмонҳо дар назди масҷиди Лондон

Марде, ки дар пахш кардани одамон дар минтақаи боғи Финсберии Лондон гумонбар дониста мешавад, бо гумони терроризм, куштор ва сӯиқасд ба куштор ба ҳабс гирифта шуд.

20 июн 2017, 14:43

Шикояти муштариён: “Тоҷиксодиротбонк” ба ваъдааш вафо накард (АКС)

Муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” мегӯянд, масъулини бонк ба ваъдаи худ барои бештар кардани пардохти моҳонаи амонатҳояшон вафо накарда ва онҳоро фиреб додаанд.

20 июн 2017, 13:42

Дар Душанбе фурушгоҳи мошинҳои Узбакистон бунёд мешавад

Улуғбек Розуқулов, ноиби сарвазири Узбакистон, имрӯз, 20-уми июн дар садри як ҳайат бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ташриф овард.

20 июн 2017, 12:25

Раддабандӣ: Амнияти кибернетикии Тоҷикистон дар чӣ сатҳ аст?

Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии амнияти кибернетикӣ миёни 193 кишвари ҷаҳон мақоми 91-умро касб кардааст.

20 июн 2017, 11:40

Тарсе зи оламам нест, то дӯстон қарибанд: Таронаи тоҷикии Ҷонибеку Сардор (САДО)

Ҷонибек Муродов, хонандаи попи тоҷик бо як овозхони узбек таронаи муштарак хондааст.

20 июн 2017, 10:34

Раиси Кумитаи сайёҳӣ кӣ мешавад?

Ахиран, бахши сайёҳиро аз Кумитаи ҷавонон ва варзиш ҷудо ва ба як ниҳоди алоҳида табдил карданд. “Озодагон” аз чанд нафар пурсид, ФИКР МЕКУНЕД ЧӢ КАСЕ РАИСИ ИН НИҲОД МЕШАВАД?

20 июн 2017, 09:53

Чаро доиранавоз Суриярав шуд?

Муслиҳиддин Раҳимов, писари хурдии Ғайрат Раҳимов буда, дар синфи ҳаштум мехонад. Ба гуфти модараш кӯдак аз замоне ки падараш маҳбасӣ шуд, на бо ҷӯраҳояш бозӣ мекунаду на дар сафи дигар аъзои оила нишаста, якҷо хӯрок мехӯрад.

20 июн 2017, 09:28

Пешниҳод баъди садамаи пурқурбонӣ: То 25-солагӣ рондани мошин манъ шавад!

Дар пайи нашри хабари садамаи пурқурбонӣ дар ҷануби Тоҷикистон бархе корбарони хабаргузории “Озодагон” пешниҳод кардаанд, маҳдудияти синусолӣ дар дарёфти шаҳодатномаи ронандагӣ боло бурда шавад.

20 июн 2017, 09:24

Ифтитоҳи калонтарин аквапарки Тоҷикистон ва оғози бунёди мактабҳои нав (АКС)

Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе 19-уми июн калонтарин аквапарки Тоҷикистонро ба истифода дода, барои бунёди мактаби нав дар пойтахт санги асос гузошт.

20 июн 2017, 09:00

Санҷиши сартосарии бозорҳои Хатлон баъди сӯхтор дар Фархор

Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон дар пайи ба коми оташ рафтани ду бозори ноҳияи Фархор тамоми бозорҳои вилояти Хатлонро мавриди санҷиш қарор додааст.

20 июн 2017, 08:45

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

СЕШАНБЕ. 20-уми июн - 171-умин рӯзи сол. То поёни сол 194 рӯзи дигар монда.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!