Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 13 декабр 2017, 18:06
/ Материалы за 02.08.2017
2 август 2017, 17:14

Хадамот: Ба ҳар 100 шаҳрванди Тоҷикистон 55 телефони мобилӣ рост меояд

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳар 100 шаҳрванди кишвар беш аз 50 телефони мобилии фаъол рост меояд.

2 август 2017, 16:57

Президент ҳунари ҷангиашро ба намоиш гузошт (видео)

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар размоишҳои низомие, ки 1 август дар наздикии Ишқобод доир шуд, ширкат кард. Вай ба роҳбарони ниҳодҳои низомӣ тарзи истифодаи силоҳ ва шамшерро омӯзонд.

2 август 2017, 16:33

Қонунгузори №1-и Президент: Ҳабс ягона роҳи ислоҳ нест

Маҳмад Раҳимзода, мудири Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар Кодекси нави ҷиноӣ ҷарима ҷои ҳабсро танг хоҳад кард.

2 август 2017, 16:02

(ВИДЕО) Сафири Саудӣ: Гуруҳҳо ва ҷамоатҳое ҳастанд, ки барои бад кардани чеҳраи Ислом фаъолиятҳо мекунанд

Дар ин авохир мавзӯи буҳрони кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс дар сархати расонаҳо қарор гирифт, ки ҳамчун “буҳрони қатарӣ” маъмул шуд. Иршод Сулаймонӣ дар ин маврид ва мушкилоти дигари ҷаҳони Ислому перомуни равобити Арабистони Саудӣ бо Тоҷикистон бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, ҷаноби Абдулазиз бин Муҳаммад Албодӣ мубоҳисае орост.

2 август 2017, 14:54

Ховалинг: Аз фаъолият мондани корхонаҳо 700 нафарро бекор гузошт

Раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мегӯяд, дар пайи аз фаъолият бозмондани чор корхонаи коркарди тилло 700 нафар бекор мондааст.

2 август 2017, 14:14

Қатъи беш аз 2 миллион симкорт барои дубора сабти ном нашудан (ВИДЕО)

Дар Тоҷикистон хизматрасонии беш аз 2 миллиону 300 ҳазор симкорти телефонҳои мобилии шаҳрвандон бо далели нагузаштан аз марҳилаи азнавбақайдгирӣ қатъ шудааст. Дар ин бора Илҳомҷон Атоев, муовини якуми раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иттилоъ дод.

2 август 2017, 12:27

Коҳиши теъдоди нашъамандон дар Тоҷикистон (ВИДЕО)

Полковник Самад Зафар, муовини авали раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар имрӯз 7102 нафар нашъаманд сабт шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 83 нафар камтар мебошанд.

2 август 2017, 10:58

Ҳама аз картошка мегӯяд, ШУМО ҳам БИГӮЕД

Имсол картошка ба “қаҳрамон”-и сари забонҳо табдил ёфт. Аз он ки камчин шуд ва нархаш якбора боло рафт, дар аксар маҳофил мавзӯи №1-и суҳбатҳо гардид. Чанд нишасти хабарии ниҳодҳои давлатӣ ҳам ахиран бидуни ҳарфи картошка поён наёфт. Аз ҷумла дар Вазорати кишоварзӣ, “Тоҷикматлубот” ва Агентии омор...

Ҳоло ШУМО ҳам аз картошка БИГӮЕД

2 август 2017, 10:20

ВКД: Сокинони Қубодиён ҳамдеҳаи худро латту кӯб ва зери об карда, куштаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти се сокини ноҳияи Қубодиён хабар додааст, ки дар анҷом додани куштор муттаҳам мешаванд.

2 август 2017, 10:08

Суолу ҷавоб бо роҳбарони Хадамоти алоқа: Аз ғайби Б.Сабур то қатъи кори “DHL” ва интернети суст (ВИДЕО)

Илҳомҷон Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва масъулини дигари ин ниҳод имрӯз, 2-юми август ба суоли хабарнигорон дар бораи бурду бохти соҳа посух гуфтанд.

2 август 2017, 09:59

Фикри фикри тоҷикиро кӣ мекунад?

Тоҷикистон дар 4-5 соли охир ба як кишвари идеологӣ табдил шудааст. Тақрибан ҳама сохторҳо дар ҳукумат ба бештари масоил идеологӣ бархурд мекунанд. Аз раиси ҷамоату мудири мактаб то сатҳи болои болои ҳукумат ҳама идеологӣ меандешанд. Ҳатто ниҳодҳои иқтисодиву молиявӣ низ ба масоили худ бархурди идеулужик мекунанд. Идеология ва идеологӣ андешидану бархурд кардан кори баде нест, агар идеология ҳисобшуда, илмӣ ва коркардшуда бошад. Аммо идеолгияе, ки бар асоси манофеи сиёӣ ва қудрати сиёсии як гуруҳи хос тарҳрезӣ шуда бошад ва манофеии куллии мардумро фаро нагирад, натиҷадор намебошад ва ба нокуҷо мебарад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!