Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 13 декабр 2017, 18:08
/ Материалы за 07.08.2017
7 август 2017, 17:07

Интернет аз Tcell “Боми ҷаҳон”-ро тасхир мекунад

Ширкати Tcell чандин ҳамоишҳоро дар ВМКБ гузаронида, алоқаи боэътимодро дар фестивали “Крыша мира” (Боми ҷаҳон), ки ҳамасола доир мегардад, таъмин кард.

7 август 2017, 16:51

Узбакистон: Тоҷикҳо мисли 26 соли пеш 4,8%-и аҳолиро ташкил медиҳанд

4,8 дарсади аҳолии Узбакистонро тоҷикон ташкил медиҳанд. Ин нукта дар гузориш оид ба вазъи демографии Кумитаи давлатии омори Узбакистон таъкид шудааст.

7 август 2017, 16:10

Дар Қазоқистон ҷасади вакили шӯрои вилоятиро овехта дарёфтанд

Вакили шӯрои вилояти Ҷамбили Қазоқистон Кайрат Терликбоев овехта дарёфт шуд. Бино бар хулосаҳои пешакӣ, вай худкушӣ кардааст. Додситони вилояти Ҷамбил хабар дод, ки ҷасади Терликбоеви 56-сола 5 август дар манзилаш ёфт шудааст.

7 август 2017, 15:22

Тағйироти кадрӣ: Таъини сафирони нав дар Австрия, Қатар ва Озарбоҷон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури чанд фармон бархе сафиронро аз вазифа озод ва ба ҷойи онҳо афроди дигарро таъйин кардааст.

7 август 2017, 15:18

Душанбе: Кандашавии “трос” 2 сохтмончиро муаллақ гузошт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, кандашавии “трос”-и борбардори сохтмонӣ дар маҳаллаи 61-и Душанбе қариб буд, ки бо марги ду сохтмончӣ анҷомад.

7 август 2017, 14:22

Додситонӣ: Хоҳари ҳунарманди Сирки давлатӣ ба ҷойи кораш барқарор шуд

Додситонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мегӯяд, дар робита ба матлаби “Хоҳари ҳунарманди сирки давлатӣ: Баъди муроҷиат ба расонаҳо маро аз кор ронданд”, ки 16 июни соли 2017 дар хабаргузории “Озодагон” нашр шуд, санҷиш гузарондааст.

7 август 2017, 14:04

Маркази тестӣ: 16 410 курсии донишҷӯӣ ҳанӯз холиянд

Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон эълон кард, ки 16 ҳазору 410 курсии донишҷӯӣ ҳанӯз холиянд, ки аз он 3813 адад дар бахши буҷавӣ мебошанд.

7 август 2017, 11:42

Пирӯзии мунтахаби футзали Тоҷикистон бар Узбакистон

Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал яккачини Узбакистон, дорандаи медали нуқраи мусобиқоти Осиёро мағлуб кард.

7 август 2017, 11:39

Маркази қонунгузорӣ ҷангро сабабгори бисёрзанӣ хонд

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд қонунӣ кардани бисёрзанӣ дар кишвар мухолифат бо Конститутсия дорад.

7 август 2017, 10:52

Худдории “Тоҷиксуғурта” аз кӯмак ба зарардидаҳо: Одат мекунанд...

Абдулло Абдуллоев, муовини директори “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, минбаъд ба аҳолии минтақаҳои зарардида аз офатҳои табиӣ, ки шартномаи суғурта надоранд, ҷубронпулӣ пардохт нахоҳанд кард.

7 август 2017, 10:20

Ғоратгарӣ дар боғи Хоруғ

Мақомоти милиса аз ғоратгарӣ дар боғи “Ғалаба”-и шаҳри Хоруғ хабар доданд.

7 август 2017, 10:19

Чемпионат: Тоҷикистон зидди тавсияи IAAF раъй додааст

Тоҷикистон зидди тамдиди барканории муваққатии Федератсияи умумирусиягии варзиши сабук аз узвияти Анҷумани байналмилалии федератсияи варзиши сабук (IAAF) раъй додааст.

7 август 2017, 10:10

Шарҳи ВКД дар бораи садамаи маргбор дар Ванҷ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи маргбори нақлётии 6 август дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷро, ки боиси марги 4 нафар гардид, шарҳ додааст.

7 август 2017, 10:00

Дастури Р.Эмомалӣ: Милиса ҷараёни қурбониро назорат мекунад

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе мақомоти милисаи пойтахтро муваззаф кардааст, ки дар Иди Қурбон аз забҳи чорво дар ҷойҳои муқаррарнашуда ҷилавгирӣ кунанд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!