Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 18 феврал 2018, 03:56
/ Материалы за 14.08.2017
14 август 2017, 17:09

5 000 сомонӣ - ҷаримаи модари серфарзанд барои қудоталбон

Додгоҳи ноҳияи Файзобод як модари серфарзандро барои гузарондани маъракаи қудоталбон ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили 5 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

14 август 2017, 16:50

Русия: Парванда алайҳи ду пулис барои талаби пул аз муҳоҷири тоҷик

Нисбати ду корманди Вазорати умури дохилии ноҳияи Иглини Бошқирдистони Русия бо иттиҳоми “қаллобӣ” парванда боз шудааст. Онҳо дар талаб кардани пул аз муҳоҷири тоҷик гумонбар мешаванд.

14 август 2017, 15:57

Зодаи Тоҷикистон дар “Miss Nations ofthe World 2017” сеюм шуд

Шаҳноз Эроншо, як зодаи Тоҷикистон дар озмуни зебосанамҳои ҷаҳон – “Miss Nations ofthe World 2017”, ки дар шаҳри Солт Лейк Ситии Амрико баргузор шуд, мақоми сеюмро касб намуд.

14 август 2017, 15:34

Мирзиёев: Ҳар роҳбар болоравии нархи нон, гӯшт ва бемасъулиятиро дар бозорҳо бо чашмони худ бубинад..

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон чаҳор мақомдори шаҳри Алмалики кишварашро аз вазифа барканор кард. Раиси ноҳия, сардори бахши корҳои дохилӣ, сардорони андозу молия шомили чаҳоргона ҳастанд.

14 август 2017, 15:26

Бартангу Яхчипун: Ташкили 2 муассисаи нави давлатӣ дар минтақаҳои мушкилгузар

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарорҳои ҳукумат дар минтақаҳои мушкилгузари кишвар ду муассисаи нави давлатии роҳбониро ташкил додааст.

14 август 2017, 14:47

Мақоми нави Ҷамшеди Намозалӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Шарифзода Ҷамшеди Намозалиро директори муассисаи давлатии “Қароргоҳи Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб” таъин кардааст.

14 август 2017, 12:24

“Маҳаллаи беҳтарин”-и Душанбе 20 ҳазор сомонӣ мегирад

Дар шаҳри Душанбе озмуни “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Кӯчаи беҳтарин” баргузор мешавад. Дар ин бора Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт қарор имзо кардааст.

14 август 2017, 12:05

Рейтинги ҷаҳонӣ: 33 сол зарур, то тоҷик бо маош хона харад

Ширкати австролиёгии Assured Removalists нархи хонаи кишварҳои ҷаҳонро дар таносуб бо маоши миёнаи сокинонашон раддабандӣ кардааст.

14 август 2017, 11:12

Даъвати намояндаи вижаи президенти Русия: Неруҳои амрикоӣ хоки Афғонистонро тарк намоянд

Ҳузури низомиёни Амрико дар Афғонистон бенатиҷа аст ва неруҳои ИМА бояд аз он кишвар берун шаванд. Ин нуктаро Замир Кобулов, намояндаи вижаи президенти Русия дар Афғонистон дар суҳбат бо рӯзномаи “Известия” изҳор доштааст.

14 август 2017, 10:50

“Wanderlust” “виза”-и Тоҷикистонро намунаи ибрат хонд

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводидро доранд.

14 август 2017, 10:31

Сокинони деҳае дар Норин ҳамаи машруботро харидорӣ ва нобуд карданд

Сокинони деҳаи Эмгекчили ноҳияи Норини Қирғизистон ҳамаи машруботи фурӯшии деҳаро нобуд карданд. Ҷавонони фаъол ин ташаббусро рӯи даст гирифта, мехоҳанд бо ин роҳ фурӯши машруботро манъ кунанд, хабар медиҳад раиси созмони маҳалии ҷавонон Жанибек Сопиев.

14 август 2017, 09:38

ВКД: Сокини Турсунзода ҳамсарашро буғӣ кардааст

Як сокини 49-солаи шаҳри Турсунзода бо иттиҳоми куштори ҳамсараш боздошт шудааст.

14 август 2017, 09:16

Баъди 2 сол: Ҷунбише дар роҳёбии Тоҷикистон ба Уқёнус

Кобулу Исломобод созиш кардаанд, ки гуфтушунидҳои барои густариши додугирифти мол миёни кишварҳои минтақаро аз сар бигиранд.

14 август 2017, 08:43

Созиши милисаи тоҷику узбак барои таҳкими амният (АКС)

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ва Узбакистон барои ҳамкории бештар созиш кардаанд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!