Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 20 январ 2018, 04:39
/ Материалы за 17.08.2017
17 август 2017, 19:24

"Шахтаи Фон-Яғноб”: Нархро 3 сол боз боло набурдаем

Гуруҳи хабарнигорони тоҷик 17-уми август шоҳиди сӯхтор дар калонтарин кони ангишти Тоҷикистон-“Фон-Яғноб” шуда, аз талоши масъулин барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии он, нархи ангишт, сифати он ва ҳаёти ангиштканони тоҷик суол карданд.

17 август 2017, 16:43

Вазир дар бораи маоши табибон ва ҳамкорӣ бо доруфурӯшон

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон такроран таъкид намуд, ки ҳамкории табибон бо ширкатҳои доруфурӯшӣ дар кишвар мамнуъ мебошад.

17 август 2017, 16:14

Дар Қирғизистон 41 номзад ба мақоми президентӣ аз имтиҳони забон гузаштанд

То 16 август 46 номзад ба мақоми президентӣ дар Қирғизистон имтиҳони забони қирғизиро супориданд. Кумитаи миллии Қирғизистон дар умури забони давлатӣ хабар медиҳад, ки аз ин шумор 41 нафар аз имтиҳон гузаштаанд.

17 август 2017, 15:49

Футболбози тоҷиктабори “Зенит” ба тими миллии Русия гузашт

Далер Кузяев, ниммуҳофизатгари тоҷиктабори дастаи “Зенит”-и Санкт–Петербург ба ҳайати мунтахаби Русия пазируфта шуд. Дар ин бора торнамои “championat.com” хабар додаст.

17 август 2017, 15:29

Вазир: Маҳдудияти барқ имсол боз камтар мешавад (ВИДЕО)

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, бо даст додани имкон имсол маҳдудияти нерӯи барқ дар кишвар дар фасли сармо нисбат ба соли гузашта камтар хоҳад шуд.

17 август 2017, 14:57

“Мурғи ҳилол”-и Файзобод пурра аз кор бозмонд: 600 нафар ба рухсатии бемузд гусел шуданд

Корхонаи парандапарварии “Мурғи Ҳилол”- и ноҳияи Файзобод пурра аз кор бозмонда, ҳудуди 600 кормандашро ба рухсатии бемузд гусел намудааст.

17 август 2017, 11:18

Нигаронии ҷиддии Президент аз сатҳу сифати дониши хонандаҳо ва мизони таҳсили духтарон дар мактабҳои миёнаи Ҷайҳун

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кори кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони зиёда аз 19 ҳазор гектар кишти зироатҳо гузаронидаанд, ки назар ба соли 1991-ум 1000 гектар кам мебошад.

17 август 2017, 10:52

Таҳдиди ҷавонзан: 15000 сомонӣ надиҳӣ, муносибатҳои ошиқонаро фош мекунам

Як зани 28-сола дар шимоли Тоҷикистон бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ боздошт шудааст.

17 август 2017, 10:32

Ҳалокати се нафар дар садамаи нақлиётӣ

Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Шаҳритус-Душанбе 3 нафар ба ҳалокат расидааст.

17 август 2017, 10:01

Доғистон омӯзгоронеро, ки барои кор Тоҷикистон меоянд, интихоб кардааст

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Доғистон аз миёни 70 омӯзгори довталаб беҳтаринҳоро барои кор дар макотиби миёнаи Тоҷикистон интихоб кардааст. Дар ин бора сомонаи расмии ин вазорат хабар додааст.

17 август 2017, 09:05

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбонро 24 август эълон мекунад

Санаи дақиқи баргузории Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон расо баъди як ҳафта эълон хоҳад шуд.

17 август 2017, 08:13

“Бойкот”-пешниҳоди ноиби вазир алайҳи ҷаҳиши нарх дар идҳо

Умед Давлатзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, танзими талабот ва “бойкот”-ро аз чораҳои самарабахш хонд, ки ба гуфтаи ӯ дар кишвари мо алайҳи болобарии сунъии нархҳо истифода намешавад.

17 август 2017, 07:49

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ПАНҶШАНБЕ. 17-уми август - 229-умин рӯзи сол. То поёни сол 136 рӯзи дигар монда.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!