Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 18 феврал 2018, 04:01
/ Материалы за 21.08.2017
21 август 2017, 17:21

Хужина: Аз ҳукм розиям, вале пул надорам (ВИДЕО)

Татяна Хужина, шаҳрванди Русия, ки дар Тоҷикистон дар қочоқи тангаҳои қадим муттаҳам мешавад, аз додгоҳ хоҳиш кардааст, ҳаёти ӯ ва духтарашро ба ҳам назананд.

21 август 2017, 17:16

Истеъфои сарвазири Қирғизистон: Президент шуданист...

Сооронбой Жээнбеков, нахуствазири Қирғизистон дар ҷаласаи ахири ҳукумати ин кишвар истеъфояшро расман эълом кард.

21 август 2017, 15:33

Сомон Маҳмадбеков барандаи Ҷоми Аврупо

Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонони то 21-сола, ки 19 август дар шаҳри Аради Руминия шуруъ шуд, медали тило ба даст овард.

21 август 2017, 14:20

"Маҳмудро кӯфт, гӯшашро газид ва ӯро боз гунаҳкор кард"

Маҳмуд, марди тоҷик, ки тайи 10 соли охир дар Маскав кӯчарӯбӣ мекардааст, мавриди латукӯб қарор гирифта, ҳамлагар гӯши ӯро газида, кандаст.

21 август 2017, 12:14

Сархушӣ ва ҷанҷоли маргбори 2 мард дар хонаи ҷавонзан

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи якшанбе, 20-уми август дар шаҳри Хуҷанд ҷинояти куштор ба қайд гирифта шуд.

21 август 2017, 11:48

Боздошти як зоир бо маводи мухаддир дар фурудгоҳи Самарқанд

Кормандони гумруки фурудгоҳи Самарқанд як шаҳрванди Узбакистонро, ки озими ҳаҷ буд, бо гумони талоши интиқоли 6 ҳазор доллар ва 72 грамм афюн боздошт карданд.

21 август 2017, 11:34

Даргузашти куҳнаварде, ки дар куҳҳои Помир бемор шуд

Александр Абаев, куҳнаварди рус аз шаҳри Иркутск, ки 3-юми август дар ҳолати вазнин аз куҳҳои Помир тариқи чархбол ба беморхонаи шаҳри Душанбе интиқол дода шуд, ахиран даргузашт.

21 август 2017, 10:12

Задухӯрди марзбонони тоҷик бо одамони “Қумондон”-у “Девона”: Ду қочоқчӣ кушта шуд...

Дар пайи як задухӯрди мусаллаҳона миёни сарҳадбонҳои тоҷик ва қочоқбарони афғон ду марзшикан кушта шудааст.

21 август 2017, 10:03

Ҳимояти Президент аз ҳамкории “Ховар” бо хабаргузориҳои Туркия ва Кувайт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат аз ҳамкориҳои хабаргузории давлатии “Ховар” бо хабаргузориҳои Туркия ва Кувайт ҷонибдорӣ кардааст.

21 август 2017, 09:28

Тағйири Кодекси этика: 3 талаби нав аз мансабдорони тоҷик

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як амр тағйироти нав ба Кодекси этикаи хизматчиёни давлатиро қабул кардааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!