Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 27 май 2018, 18:25
/ Материалы за 23.08.2017
23 август 2017, 17:25

Душанбе: Ҷавондухтари 18-сола дар дуздии наздики 8 ҳазор доллар муттаҳам мешавад

Як ҷавондухтари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бо иттиҳоми дуздии маблағ боздошт шудааст.

23 август 2017, 16:46

Боздошти 8 шаҳрванди Сурия бо шиносномаҳои қалбакӣ дар Қазоқистон

Хадамоти марзбонии Қазоқистон мегӯяд, ҳашт шаҳрванди Сурияро боздошт кардааст, ки мехостанд, бо шиносномаи қалбакии Булғористон тариқи ин кишвар ба Аврупо бираванд.

23 август 2017, 15:40

Эълони санаи Иди Қурбон дар Тоҷикистон

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон муайян намудааст, ки иди саиди Қурбон дар кишвар, чун дигар кишварҳои мусалмонӣ 1 сентябр таҷлил мегардад.

23 август 2017, 14:43

Э.Раҳмон аз Чин бо 2 млрд грант барои ҳукумату парлумон бармегардад

Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар назар аст, ки Чин барои сохтмони бинои нави парлумон ва маҷмааи ҳукумати кишвар 1,5 миллиард юан, муодили 230 миллион доллар ё ду миллиард сомонӣ ҷудо намояд.

23 август 2017, 14:17

Барои таҳқири Президент. Ба ҳукми Ёров боз 3 сол зам шуд

Ба ҳукми Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонӣ ахиран боз се соли дигар зам шудааст. Ин бор ӯро дар таҳқири оммавии Президент ва қаллобӣ муҷрим шинохтаанд. Якҷо бо ҳукмҳое, ки дар гузашта содир шуда буд, Бузургмеҳр Ёров акнун 28 солро пушти панҷара мегузаронад.

23 август 2017, 12:10

Вазир: Қонунан, донишҷӯёни мошинсаворро хориҷ мекунем

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 23-юми август тағйирот ба қонуни марбут ба таҳсилоти олӣ ва касбӣ тағйиру иловаҳоро қабул кард.

23 август 2017, 11:56

Қабули қонун ва маслиҳати муфтӣ: Ба ҷои зиёфат табассум кунед...

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 23-юми август тағйиру иловаҳои пешниҳоднамудаи раисиҷумҳур ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуд.

23 август 2017, 11:40

Арзи эҳтиром: Гурезаи сурӣ навзодашро Ангела Меркел Муҳаммад ном гузошт

Дар Олмон ба як навзоди мусалмон исми садри аъзамро гузоштаанд.

23 август 2017, 11:35

Пешниҳоди вакил алайҳи нархҳои “осмонӣ”-и ситораҳо: То 5 ҳазор $ мегиранд...

Ҷаббор Ахмедов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кард, ки нархи иштироки сарояндаҳо дар тӯйҳо танзим карда шавад.

23 август 2017, 10:53

Муфтӣ ва Давлатзода дар парлумон: Ҷиҳозбарии арӯс мамнуъ шуд (ВИДЕО)

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон имрӯз, 23-юми август барои шарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ҳозир шуданд.

23 август 2017, 10:17

Дастури Матвиенко барои интиқоли 20 тонна китоби русӣ ба Тоҷикистон

Валентина Матвиенко, раҳбари Шӯрои федералии Русия дастур додааст, ки то оғози соли нави таҳсил ба Тоҷикистон 20 тонна китобҳои дарсӣ интиқол дода шаванд.

23 август 2017, 09:57

Боздошти муовини директори Литсейи касбӣ-техникии Файзобод

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти муовини директори Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Файзобод бо иттиҳоми гирифтани пора хабар дод.

23 август 2017, 09:26

4 голи беҷавоби “Истиқлол” ба дарвозаи тими Филиппин

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар нахустин дидори даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё –2017 тими “Серес Негрос”-и Филиппинро шикаст дод.

23 август 2017, 09:12

Варзоб: Чаппашавии “ Фотон” 2 куштаю 1 маҷруҳ барҷой гузошт

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар ноҳияи Варзоб хабар доданд, ки соати 4:30-и 22-юми август дар ноҳияи Варзоб рух додааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!