Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 27 май 2018, 18:27
/ Материалы за 25.08.2017
25 август 2017, 17:30

Ваъдаи Британия барои саҳмгузорӣ дар рушди Душанбе

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 25-уми август бо Ҳю Стенли Филпотт, сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.

25 август 2017, 15:52

ВАО: Шаҳрванди Тоҷикистонро назди маркази фарҳангии ВКД-и Русия таҷовуз кардаанд

Дар назди Маркази фарҳангии Раёсати умури дохилии шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро таҷовуз кардаанд. Дар ин бора хабаргузории “Москва” бо такя ба манобеаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст.

25 август 2017, 14:53

Гузориши аксӣ аз маросими ҷоизасупорӣ дар Қасри Миллат

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 25-уми август дар Қасри Миллат ба 300 нафар намояндагони касбу корҳои гуногун рутбаю ҷоизаҳои давлатӣ супорид. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо нашри гузориши аксӣ аз маросими ҷоизасупорӣ изҳор доштааст, ки ҷоизаҳо дар баробари аъзои ҳукумат инчунин ба муаллим, олимон, санъаткорон, роҳсозон, соҳибкорон ва намояндагони касбу корҳои дигар супорида шуданд.

25 август 2017, 14:49

Заминларзаи 5,2 баллӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон заминларза ба вуқӯъ пайвастааст.

25 август 2017, 12:06

Президент ба Ятимов, Юсуф Раҳмон... 300 нафар рутбаю ҷоиза дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 25-уми август Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо рубтаи “генерал полковник” сарфароз гардондааст.

25 август 2017, 11:49

Рутбаҳои нави генералӣ ба милисаҳо: Раҳимзода генерал-полковник шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 25-уми август ба як гуруҳ кормандони Вазорати умури дохилӣ рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатиро тақдим кард.

25 август 2017, 11:28

Боздошти зане, ки бо роҳи фиреб аз солмандон $45000 ситонидааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зане хабар дод, ба боварии одамон даромада, аз онҳо пул мегирифтааст.

25 август 2017, 10:53

Дар меҳмонии Оқил Оқилов: Ҷавонон бояд пуштибони сиёсати Э.Раҳмон бошанд (АКС)

Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ ва Абдураҳмон Қодирӣ, раҳбари Суғд дар доираи рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Суғд аз ҳоли Оқил Оқилов, собиқ сарвазири Тоҷикистон хабар гирифтаанд.

25 август 2017, 10:13

Мусалмонҳои Лондон “самбусаи рекордӣ”-ро ба ниёзмандон доданд

Мусалмонҳои шаҳри Лондони Бритониё бузургтарин самбусаро таҳия кардаанд.

25 август 2017, 09:03

Падар барои калиди мошин писарашро оташ задааст

Як сокини 51-солаи ноҳияи Бағдоди вилояти Фарғонаи Узбакистон ба сару рӯи писари 27-солааш бензин пошида, ӯро оташ задааст.

25 август 2017, 08:38

Нахустин сафари табибони Узбакистон барои табодули таҷриба ба Тоҷикистон

Як ҳайати табибон аз Узбакистон барои табодули таҷриба дар самти мубориза алайҳи бемории сил ба Тоҷикистон омадаанд.

25 август 2017, 07:04

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ҶУМЪА. 25-уми август - 237-умин рӯзи сол. То поёни сол 128 рӯзи дигар монда.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!