Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 18 феврал 2018, 03:50
/ Материалы за 29.08.2017
29 август 2017, 17:13

(САДО) Супориши раиси вилоят: Аз падару модарон барои таъмири мактаб ягон сомонӣ нагиред

Ахиран, се ниҳоди баландпояи вилояти Суғд эълон карданд, ки шурӯъ аз соли 2018 ба ҷамъоварии маблағ дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии шимоли кишвар барои таъмиру тармим хотима дода мешавад.

29 август 2017, 16:53

Ифтитоҳи Маҷмааи нави Донишгоҳи тиббӣ дар Душанбе

Қоҳир Расулзода, сарвазир ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 29-уми август дар шаҳраки “Шифобахш”-и ноҳияи Сино Маҷмааи нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро ба истифода доданд.

29 август 2017, 16:49

Баъди суқути Шӯравӣ: Теъдоди русзабонҳо дар дунё 50 миллион камтар шудааст

Давоми 25 соли ахир дар дунё теъдоди одамоне ки забони русиро медонанд, 50 миллион нафар коҳиш ёфтааст. Ин нуктаро Вячеслав Никонов, раиси кумитаи маориф ва илми Думаи давлатии Русия изҳор доштааст. Ӯ дар суҳбат бо журналистон гуфтааст, ин тамоюл идома дорад: «Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳама русзабон буданд. Насли калонсол ҳамагӣ бо русӣ ҳарф мезаданд. Дар ин 25 сол насли ҷавон рӯи кор омад, ки на ҳамааш бо русӣ суҳбат мекунанд».

29 август 2017, 15:24

АКС: Дар пардаи тиллодӯзии Каъба 6 миллион $ масраф мешавад

Ҳамасола қабл аз маросими Ҳаҷҷ дар Арабистони Саудӣ пардаи болои Каъба иваз мешавад. Ҷараёни дӯхтану тиллодӯзии он 8 моҳро дар бар мегирад.

29 август 2017, 14:50

Духтари Ислом Каримов курсии сафирӣ дар ЮНЕСКО-ро тарк мекунад

Хабаргузории Reuters менависад, Лолаи 39-сола тасмим гирифтааст, ки ба корҳои бунёди хайрияи ба номи падараш машғул хоҳад шуд.

29 август 2017, 14:12

Созиши Душанбе ва Остона барои ҳамкорӣ дар соҳаи дин

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат аз ҳамкориҳо бо Қазоқистон дар умури динӣ ҳимоят кардааст.

29 август 2017, 12:14

28 август: 12 куштаю 5 маҷруҳ дар роҳҳои Тоҷикистон

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон 28-уми август се садамаи маргбор ба қайд гирифтаанд, ки 12 кушта ва 5 маҷруҳ барҷой гузоштаанд.

29 август 2017, 11:46

Матвиенко хостори ҷалби муаллимони тоҷик ба Русия шуд

Валентина Матвиенко, раҳбари Шӯрои федералии Русия хостори ҷалби муаллимони тоҷик ба муассисаҳои таълимии Русия шудааст.

29 август 2017, 10:47

Бепулӣ Хусравов ва Боқиевро аз қаҳрамонии ҷаҳон маҳрум кард

Хушқадам Хусравов ва Сӯҳроб Боқиев, ду паҳлавони шинохтаи тоҷик аз ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки аз 28 август то 3 сентябр дар пойтахти Маҷористон, шаҳри Будапешт баргузор мегардад, маҳрум гаштанд.

29 август 2017, 10:24

Вазорати маориф вақти оғози дарсҳоро тағйир дод

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо қабули як қарор эълон доштааст, ки аз 1 сентябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе дарсҳо аз соати 8:00 оғоз меёбанд.

29 август 2017, 10:10

Имзои оҷилии қонунҳои нав ва шарҳи Котиботи Президент

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 28-уми август чанд соат баъд аз ҷонибдории Маҷлиси миллӣ, қонунҳои марбут ба танзими расму оин, мошинсавории донишҷӯён ва муҷозоти ронандаҳои масту бешаҳодатномаро имзо намуд.

29 август 2017, 09:47

Талаби 12 ҳазор сомонӣ барои дохилшавӣ ба донишгоҳ

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти як масъули Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа хабар дод, ки дар гирифтани пора ва қаллобӣ муттаҳам мешавад.

29 август 2017, 09:34

ВКД сабаби садамаи пурқурбонӣ дар ВМКБ-ро эълон кард

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Роштқалъа-Хоруғ, ки 10 кушта барҷой гузошт, дар пайи сангрезӣ рух додааст.

29 август 2017, 09:20

Ҷазои 25 милисаи тоҷик баъди шикояти аксбардори турк

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон 25 корманди милисаро барои камбудиҳо дар муносибат бо сайёҳон муҷозот додааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!