Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 20 ноябр 2017, 10:57
/ Материалы за Октябр 2017 года
27 октябр 2017, 11:57

Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ

Дар 9 моҳи соли равон 32 шаҳру навоҳии Тоҷикистон уҳдадориҳои андозии худро аз рӯи ҳаҷми даромадҳо дар назди буҷет таъмин накардаанд.

27 октябр 2017, 11:05

Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аввали моҳи ноябр бо сафари корӣ ба шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон меравад.

27 октябр 2017, 10:38

Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард

Созмони Милали Муттаҳид ба ҳимояти Даниил Исломов, ҷавони 18-солаи тоҷикистонӣ, ки ба далоили динияш аз пӯшидани либоси низомӣ даст кашидааст, садо баланд кардааст.

26 октябр 2017, 11:51

АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе

Маъюбони Тоҷикистон мегӯянд, онҳо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа ҳастанд ва бояд аз имконоти онҳо истифода бурда шавад. Ин нукта дар нахустин Анҷумани маъюбони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе идома дорад, садо дод.

25 октябр 2017, 15:46

Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 25-уми октябр дар ҷаласаи ҳукумат тағйироти кадриро амалӣ кардааст.

25 октябр 2017, 13:21

100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку”-ро дар таҳрири нав қабул намуд, ки маконҳо барои тамокукаширо боз маҳдудтар кард.

24 октябр 2017, 11:18

Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)

Гуруҳи ҷабрдидагон, ки яке замин, дигаре пули таҳсили фарзанд ва сеюмӣ пули барои хона ҷамъ кардаашро ба ширкати “Ҳафт бурҷ” додааст, изҳор медоранд, ки дигар роҳкиро намеёбанд, то дар ба дари мақомот барои баргардондани пулашон даводав кунанд.

24 октябр 2017, 09:33

Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!

“Тиҷорати яроқу аслиҳа алъон ба яке аз навъҳои бузургтарини тиҷорати ҷаҳонӣ табдил ёфта, бояд эътироф кард, ки бо номи “тиҷорати тухми марг” шинохта шудааст. Албатта ин беҳуда нест, зеро тиҷорати яроқу аслиҳа, тиҷорати тухми марг аст. Тухми марги инсоният. Ҳар давлате, ки яроқу аслиҳа мефурӯшад, ӯ тухми маргро барои ҷаҳониён ба фурӯш мегузорад”.

24 октябр 2017, 08:01

Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ахиран тасдиқ кард, муассис ва роҳбари ширкати “Умед-88” боздошт ва нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

24 октябр 2017, 07:44

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

СЕШАНБЕ. 24-уми октябр - 297-умин рӯзи сол. То поёни сол 68 рӯзи дигар монда.

23 октябр 2017, 16:07

Автопарк-мошинсарой, ҷонварбоғ- зоопарк, землемер- заминпаймо, маршрутка-хатгард…

Рустами Ваҳҳоб, донишманди шинохта ва аз муассисони гуруҳи “Дуруст бинависем” дар Фейсбук чандест барои корбарон гузина ё баробарии тоҷикии вожаву истиллоҳҳои русиро пешниҳод мекунад. Ин иқдом ба истиқболи гарми хонандаҳои Фейсбук рӯ ба рӯ шуд ва донишмандони дигар низ пешниҳодҳои худро ироа карданд. “Озодагон” тасмим гирифт, ин гузинаҳоро ба нашр расонад.

23 октябр 2017, 16:06

Филми роҳнамо: Аз корёбӣ дар Ватан то муҳоҷирати бехатар (ВИДЕО)

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон барои осонии кори муҳоҷирони тоҷик филми роҳнамоеро таҳия ва пешниҳод кардаанд.

23 октябр 2017, 14:46

Дучарха барои наврасоне, ки намози бомдодро дар масҷид мегузоранд

Дар Туркия наврасонеро, ки давоми 40 рӯз пайваста намози бомдодро дар масҷид гузориданд, бо дучарха қадр кардаанд.

23 октябр 2017, 13:26

Эҳёи идҳои ниёгон дар қонунгузории нави Тоҷикистон

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 23 октябр дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро мавриди баррасӣ қарор дод, ки бар асоси он таҷлили се иди нав дар кишвар пешбинӣ шудааст.

23 октябр 2017, 11:44

Дар Қазоқистон хонандаи мактаб ҳамдарсашро парронд

Дар шаҳри Урали вилояти Қазоқистони Ғарбӣ як хонандаи 14-солаи мактаб ҳамдарси худро бо силоҳи шикорӣ паррондааст. Нозири калони Раёсати умури дихилии Урал Динора Абдулхолиқова дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ин ҳодиса 20 октябр дар натиҷаи беэҳтиётӣ рух додааст.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!