Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 13 декабр 2017, 18:08
/ Материалы за 02.10.2017
2 октябр 2017, 16:40

Шарҳи ВКД дар бораи қатли Нигора дар пеши бозори Истаравшан

Маҷид Бердиев, сокини 56-солаи шаҳри Истаравшан имрӯз, 2-юми октябр дар пеши бозори “Гули Сурх” собиқ ҳамсарашро, ки аз вай 16 сол ҷавонтар будааст, ба қатл расондааст.

2 октябр 2017, 16:38

Ноиби президенти АИ хостори таълими фанни “қонуни танзим” дар мактабҳо шуд

Профессор Абдураҳмон Муҳаммад, ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон пешниҳод карда, ки қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ба сифати як фанни алоҳида дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ дарс дода шавад.

2 октябр 2017, 14:58

Баррасии амнияти парвозҳо ва интиқоди Зуҳуров аз “Тоҷик Эйр”-у “Сомон Эйр”

Маҷлиси намояндагони Тоҷиикистон ба “Тоҷикаэронавигатсия” иҷозат дод, ки барои таъмини амнияти парвозҳо дастгоҳҳои муосири радиоэлектрониро бидуни пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ вориди кишвар кунад.

2 октябр 2017, 14:40

Русия пойгоҳи дуввуми низомиашро дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон мустаққар мекунад?

Русия барои мустаққар намудани боз як пойгоҳи ҳарбиаш дар Қирғизистон гуфтушунидҳоро оғоз кардааст.

2 октябр 2017, 14:12

Вакили порлумони Қирғизистон 48 соат ба ҳабс гирифта шуд

Вакили порлумони Қирғизистон Канатбек Исоев, ки зиддаш бо ҷурми "омодагӣ ба ҷиноят", "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" ва "ғасби ҳокимият" айб эълон шудааст, 48 соат ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) иттилоъ доданд.

2 октябр 2017, 13:18

Истеъмолу фурӯши машрубот дар назди мактабҳо мамнуъ шуд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 2-юми октябр бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонунгузории кишвар фурӯш ва истеъмоли машруботро дар назди муассисаҳои таълимӣ мамнуъ кард.

2 октябр 2017, 12:05

Помири Тоҷикистон дар рейтинги “100 green destinations”

Помири Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии “100 green destinations” (100 ҳадафи сабз) роҳ ёфтааст.

2 октябр 2017, 11:11

(ВИДЕО) Вазир: Ҷазои саркашҳо аз пардохти алимент ҷиноӣ мешавад

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 2-юми октябр тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро қабул кард, ки бар асоси он алайҳи саркашҳо аз пардохти алимент парвандаи ҷиноӣ боз мешавад.

2 октябр 2017, 11:07

АКС: Президент дар боғи намунавии ба номи Пешвои Миллат

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 1-уми октябр аз ноҳияи Хуросон боғи намунавии ба номи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”, ки дар заминҳои хоҷагии “Асадулло” бунёд гардидааст, боздид кард.

2 октябр 2017, 10:53

Созиш барои интиқоли бемонеаи нерӯҳои СААД дар вазъи тезутунд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 2-юми октябр Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо ва инчунин маҳсулоти таъиноти ҳарбиро қабул намуд.

2 октябр 2017, 10:49

Назарпурсӣ: Кадом овозхонҳо сарояндагиро бас кунанд?

Хонандагӣ дар Тоҷикистон мисле ки шуғли ҳамагонӣ шудааст. Он қадар сароянда дорем, ки теъдоди онҳоро ҳисоб кардан ғайриимкон аст. Дар ин баробар, ҳамеша дар расонаҳо барои овози нохуб, мазмуни пасти таронаҳо ва оҳангҳои дилхарош бархе овозхонҳо танқид мешаванд. Хабарнигори “Озодагон” дар кӯчаҳои Душанбе аз роҳгузарон пурсид, ки кадом сарояндаҳо бояд хонандагиро бас кунанд?

2 октябр 2017, 10:36

Баъди 10 сол: Гумонбарони қатли духтари 14-сола боздошт шуданд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баъди 10 соли қатли духтари 14-сола дар Конибодом аз боздошти муттаҳамон дар ин ҷиноят хабар дод.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!