Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 13 декабр 2017, 18:05
/ Материалы за 03.10.2017
3 октябр 2017, 17:08

“Tcell кино”– кинотеатри сайёр дар фазои боз

Моҳи сентябр ширкати Tcell лоиҳаи васеъ “Tcell кино”–ро роҳандозӣ намуд, ки қисми зиёди минтақаҳо ва вилоятҳои кишварро фаро мегирад. Лоиҳа сокинони ҷамоат, шаҳракҳои дур аз пойтахтро барои тамошои филм дар фазои боз гирд меоварад. Алакай 20 намоиши филм зери фазои боз дар 14 деҳаҳои ноҳияи Варзоб ва 6 деҳаи шаҳри Турсунзода доир шудааст.

3 октябр 2017, 17:00

Ду задухӯрди марзбонон бо қочоқбарони афғон

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ду задухӯрди мусаллаҳона бо қочокбарони афғон хабар медиҳад.

3 октябр 2017, 16:23

Баъд аз Ҳалимов. Русия гуфт, фармондеҳи қазоқи ДИИШ дар Сурия кушта шуд

Расонаҳо бо истинод ба вазорати дифои Русия хабар доданд, ки тайи ду рӯзи ахир дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймоҳои ин кишвар дар Сурия 7 фармондеҳи гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИИШ) кушта шудаанд, ки миёнашон як зодаи Қазоқистон низ ҳаст.

3 октябр 2017, 16:14

19 соли зиндони 2 хоҳар барои қатли ҷавон ҳангоми бозиҳои маҳрамона

Додгоҳи вилояти Улянови Русия ду ҷавондухтарро, ки моҳи декабри соли гузашта ҳангоми бозиҳои маҳрамона, ҷавони 24-солаи тоҷикро буғӣ карда куштанд, дар маҷмуъ 19 сол равонаи зиндон кард.

3 октябр 2017, 15:23

Ду ноҳия дар як рӯз нақшаи даъватро 100% иҷро кардаанд

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш ду ноҳия нақшаро пурра иҷро карданд.

3 октябр 2017, 15:03

Насби пайкари Елизаров, ки дар Тоҷикистон кушта шуд

Дар шаҳри Твери Русия пайкари Қаҳрамони Русия -- Владимир Елизаров гузошта шудааст.

3 октябр 2017, 14:22

Ҷузъиёти боздошти Нурализода: $1 млн пора деҳу аз давлат $10 млн грант гир

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон Аскар Нураллизода, муовини сардори сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистонро бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт кардааст.

3 октябр 2017, 14:02

Шӯрои уламо дар бораи ҷуброни савгандшиканӣ ба номи Аллоҳ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон савгандхӯрии ҷавононро ба номи Худо, ки майли афзоиш дорад, ғайриқобили қабул хондааст.

3 октябр 2017, 12:20

Суҳбати ошкорои Э.Раҳмон дар бораи заминфурӯшӣ, “лимит”-и барқ ва ифротгароӣ дар Рӯдакӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 3-юми октябр дар деҳаи Гулбуттаи деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бинои навбунёди мактаби рақами 59-ро ба истифода дод.

3 октябр 2017, 12:19

Ҳабси Алексей Навалний ва раҳбари ситоди интихоботиаш

Сиёсатмадори мухолифи рус Алексей Навалний ва раҳбари ситоди интихоботии ӯ Леонид Волков 20 шабонарӯз ҳабс шуданд. Қарори ҳабси Навалнийро додгоҳи Симонови Москва ва аз Волковро додгоҳи Савеловский содир кард.

3 октябр 2017, 10:38

Тоҷикистон 10 октябр мизбони 2 бозии байналмилалӣ мешавад

Тоҷикистон рӯзи 10 октябри соли ҷорӣ мизбони ду бозии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 хоҳад гашт.

3 октябр 2017, 10:25

Баъди 19 сол. Боздошти гумонбар дар куштори сокини Нуробод

Кормандони пулис як сокини 42-солаи шаҳри Ваҳдатро боздошт кардаанд. Ӯ дар кушторе муттаҳам мешавад, ки 19 сол қабл содир шудааст.

3 октябр 2017, 09:41

Домод дар оташ задани хонаи падарарӯс муттаҳам мешавад

Маъмурини милиса сокини 36-солаи шаҳри Душанберо боздошт кардаанд, ки дар оташ задани хонаи падарарӯсаш муттаҳам мешавад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!