Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 13 декабр 2017, 18:06
23 октябр 2017, 16:07

Автопарк-мошинсарой, ҷонварбоғ- зоопарк, землемер- заминпаймо, маршрутка-хатгард…

Рустами Ваҳҳоб, донишманди шинохта ва аз муассисони гуруҳи “Дуруст бинависем” дар Фейсбук чандест барои корбарон гузина ё баробарии тоҷикии вожаву истиллоҳҳои русиро пешниҳод мекунад. Ин иқдом ба истиқболи гарми хонандаҳои Фейсбук рӯ ба рӯ шуд ва донишмандони дигар низ пешниҳодҳои худро ироа карданд. “Озодагон” тасмим гирифт, ин гузинаҳоро ба нашр расонад.

23 октябр 2017, 13:26

Эҳёи идҳои ниёгон дар қонунгузории нави Тоҷикистон

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 23 октябр дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро мавриди баррасӣ қарор дод, ки бар асоси он таҷлили се иди нав дар кишвар пешбинӣ шудааст.

20 октябр 2017, 15:02

БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Чун гург масту бехабар аз хеш мегардам...

БО ЗАБОНИ ШЕЪР.
Шоир: Ворис
Шеър: Гургу кабутар

20 октябр 2017, 09:01

(ВИДЕО) Муминова ба сегонаи беҳтаринҳои озмуни “Зебосанами ҷаҳон” шомил шуд

Анна Муминова, модели тоҷикистонӣ барои дарёфти унвони “Зебосанами ҷаҳон” талош мекунад.

19 октябр 2017, 17:21

Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии китоб баргузор мешавад

Ҳафтумин намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” имсол аз 25 то 27 октябри соли ҷорӣ дар пойтахт доир мегардад.

18 октябр 2017, 08:52

Бурӣ Карим барои китоби беҳтарин дар соли 2018 ҷоиза медиҳад

Маҳфили фарҳангии “Боргоҳи сухан”, ки бунёдгузораш Бурӣ Карим, сиёсатмадор ва донишманди тоҷики муқими Маскав аст, эълон кард, барои китоби беҳтарин дар соли 2018 ҷоиза медиҳад.

17 октябр 2017, 10:54

100918 боздиди “Шаббодаҳои поиз”-и Нигина Амонқулова дар Ютуб (САДО)

Таронаи нави Нигина Амонқулова, хонандаи попи тоҷик дар интернет ҳаводори зиёд пайдо кардааст.

14 октябр 2017, 13:21

"Ҳунарманд аз газетаҳои ба фурӯшнарафта ҳам декоратсия месозад..."

Агар мехохем, ки ин соҳа рушди бештар ёбад, ҷавонони театрӣ аввалтар аз ҳама ба мустақилияти эҷодӣ одат кунанд ва баъдтар пул ёфтанро ёд бигиранд, зиндагии худро беҳтар созанд, рақобати солими эҷодиро эхсос кунанд. Бояд акнун чизеро (дар мисоле ки мо гуфтем чанд сомонӣ андозу пардохтҳои дигарро) ба қавле қурбон карду аз баҳраш гузашт! Зеро маълум аст, ки агар як театр-студияи хурде, ки дар таҳхона ва ё болохонаи кадом бино (ё дар ҳавлии касе аст), барои мисол 200 сомонӣ пули барқро насупорад ё аз андоз аз ҳамон 10 сомонӣ пули билеташ озод шавад, буҷаи кишвар ҳеч вақт касод намешавад. Вале агар насл, махсусан насли наврас ва ҷавон (бо маҷмӯи камбудиву мушкилӣ ва хароҷоте, ки имрӯз дар зиндагиву таҳсилу донишомузӣ дорад) бесаводу дур аз маърифату фарҳанг бимонад (шабгарду овора бошад, ҳамин гуна миёни мактабҳо ва ҳамсолони худ аз муассисаҳои таълимии дигар биҷангаду бо корд каси дигарро захмӣ кунад, аз хизмати аскарӣ гурезад…), дигар баъдтар харҷи миллионҳо доллар ҳам шояд барои ислоҳи он вазъ дархур набошаду манфиате наорад…

14 октябр 2017, 10:42

БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Барои як журналист

БО ЗАБОНИ ШЕЪР.
Адибаи Азиз – Барои як журналист

13 октябр 2017, 17:28

Консерти ройгон ва озоди ситораҳои тоҷику аврупоӣ дар Душанбе

Ситораҳои санъати тоҷик дар поёни Ҳафтаи фарҳангии Аврупо дар Тоҷикистон дар маркази Душанбе консерти ройгон баргузор мекунанд.

10 октябр 2017, 14:58

АКС: Аз “Калид” то “Дидор”-и Барзу дар Қазоқистон

Шоми 27 сентябр ҳамроҳии дӯстону устодон ва ҳамкасбон баъд аз анҷоми конфронси байналхалқии #MediaCA ба театри “Жас сахна” (“Саҳнаи ҷавон”)-и шаҳри Алмаатои Қазоқистон барои тамошои намоишномаи “Последний экзамен” (Имтиҳони охир) рафтем. Ин намоишномаро ҳунарманди шинохтаи тоҷик БАРЗУ АБДУРАЗЗОҚОВ ба саҳна гузошта буд…

10 октябр 2017, 08:40

Бобоҷон Икромов 60–сола шуд

Вақте сухан аз телевизон равад, пеши назарам ҳатман кору корномаи Бобоҷони Икром падидор мешавад. Ӯ дар 35-солагӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон интихоб шуд. Собит кард, ки агар рӯзноманигор намебуд ҳам як вазири тавоно буда метавонист.

9 октябр 2017, 12:18

Муродов дар телевизиони Узбакистон: Васфи дӯстӣ бо забонҳои тоҷикию узбакӣ (ВИДЕО)

Саҳифаи санъаткорони тоҷик-Муродовҳо дар Ютуб навори барномаи “Хушвақт”-ро бо иштироки Ҷӯрабек Муродов, овозхони халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, нашр кардааст, ки тариқи телевизиони Узбакистон пахш гардидааст.

6 октябр 2017, 09:29

Даъвати “Суғдсинамо”: Дар рушди синамои миллӣ саҳим бошед!

Дар Душанбе намоиши филмҳои ҳунарии Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” шурӯъ мешавад.

5 октябр 2017, 16:05

Рухсора Қудратова муддаии озмуни зебосанами “Азия-Сибир-2017”

Ба даври финалии озмуни маҳорат ва зебоии “Азия-Сибир-2017” 14 нафар, бо шумули як духтари тоҷик роҳ ёфтаанд. Ин озмунро Хонаи дӯстии халқҳои Красноярск созмон додааст.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!